Ҷурғот даво барои фарбеҳон

Хабари хуб 02.12.2013 14:18

tn art 88Ин рӯзҳо пизишкони мутахассиси тағзия ба афроди фарбеҳ тавсия мекунанд, ки ҷурғот бихӯред ва бисёре аз афроде, ки  вазни зиёд доранд ва мехоҳанд лоғар бишаванд, ҳатман бояд  маводи шириро дар режими ғизоии худ ҷой бидиҳанд. 

Касби калсии кофӣ дар режими ғизоӣ боис мешавад бадан чарбии бештаре бисӯзонад ва миқдори чарбиро, ки бадан месозад, коҳиш бидиҳад.

Аз он ҷое, ки афрод қасд доранд чарбӣ аз даст бидиҳанд на  гӯшти бадан, пас режими ғанӣ аз ғизоҳои ширии камравған   метавонад бо сӯзондани чарбиҳои изофаи бадан сабаби коҳиши вазн шавад. Ҳамакнун муҳаққиқони зиёде рӯйи фоидаҳои муассири ҷурғот ва асароти беназир дар режими ғизоӣ ва кам кардани вазн кор мекунанд ва ёфтаҳо нишон медиҳад, ки ҷурғот дорои арзиши ғизоии болое аст ва ҷурғот як чошнии пурхосияти доруӣ  низ ба ҳисоб меояд, ки таъсири зиёд барои лоғар шудан дорад; пас агар шир намехӯред, ҳатман ҷурғот  нӯши ҷон бикунед, то лоғар бишавед ва аз пукии устухон пешгирӣ кунед.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97