Заҳрпошӣ дар консерти репсароёни тоҷик дар Маскав

Хабари хуб 15.11.2013 14:41

Master Ismail i bakha  Масъулони барномаи лағвшуда мехоҳанд, аз "амлакарди ношоистаи кормандони толори Москва Ҳолл ба додгоҳ шикоят баранд. Гузоришҳои расида аз Маскав дарак медиҳанд, ки барномаи консертии репсароёни тоҷик дар яке аз толорҳои ин шаҳр ба далели олуда шудани ҳавои толор бо газ ба ҳам задааст.

Пулиси Маскав ҷузъиёти ин ҳодисаро таҳқиқ мекунад, аммо дастандаркорони консерт иддаъо доранд, ки дар ин ҳодиса кормандони амниятии толори Маскав Ҳолл-и пойтахти Русия гунаҳкор ҳастанд.

Аслишоҳ Акимбеков, яке аз баргузоркунандагони ин барномаи ҳунарӣ дар сафҳаи Фейсбуки худ навиштааст, ки дар ин барнома ҳудуди 600 нафар аз тамошочиён ширкат доштанд ва бархе аз онҳо аз газ заҳролуд шудаанд.

Ӯ менависад, ки рӯзи 10 ноябр дар вақти консерт аз тарафи кормандони бошгоҳи "Москва Ҳолл" барои бартараф кардани муноқишае, гози заҳролуд истифода шуд. Масъулони ин барнома гуфтаанд, ки қасд доранд аз ин амлакарди кормандони бошгоҳи Москва Ҳолл ба додгоҳ шикоят баранд.

Аслишоҳ Акимбеков дар сафҳааш аз шоҳидони айнии ҳодиса ва афроде дар ҷараёни он масмум шудаанд, даъват кард, ки ба бемористонҳои Маскав дар мавриди вазъи саломатии худ муроҷиъат карда ва санадҳои расмиро аз пизишкон дар бораи осеб диданашон ба манзури истифодаи ин аснод ба унвони далел дар додгоҳ, ба масъулони барномаи консертӣ пешниҳод кунанд.

Бархе аз расонаҳои Русия зимни пушиши ин хабар навиштаанд, ки кормандони амниятии толор аз дохил шудани тоҷикони бидуни билет ба толор ҷилавгирӣ карда ва дар натиҷа миёни онҳо муноқишае рух додааст. Пас аз муддате ба навиштаи хабаргузории РИА Новости, замоне, ки дар саҳна Баха, репсарои саршиносои тоҷик овозхонӣ мекард, дар толор бӯйи газ эҳсос шуд ва яке аз кормандони амниятии толор рӯйи саҳна омад ва аз тамошочиён хост толорро тарк кунанд.

Расонаҳои русӣ менависанд, ки муноқшаи мавриди назар байни кормандони амниятии толор ва як соҳибкору муҳофизонаш рух додааст, ки нахостаанд пули билети консертро пардохт кунанд.

Масъулони ин барнома ҳамчунин ба ширкаткунандагони ин барнома, ки аз тамошои идомаи ин консерт маҳрум мондаанд, қавл додаанд, ки як барномаи дигари ҳунарии ройгон бо ширкати Исмоил ва Баха ду репсарои маҳбуб дар миёни ҷавонон дар Тоҷикистон дар шаҳри Маскав баргузор кунанд.a

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97