Хабари хуб

Раиси Бонки миллӣ: “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” бе ҷалби сармоя уҳдадориҳояшонро иҷро карда наметавонанд. 06.02.2019 14:52 Раиси Бонки миллӣ: “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” бе ҷалби сармоя уҳдадориҳояшонро иҷро карда наметавонанд.
Ҷамшед Нурмаҳмадзода раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни нишасти матбуъотӣ изҳор дошт, ки “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”бидуни ҷалби сармоя уҳдадориҳояшонро дар назди муштариён иҷро карда наметавонанд. Вай бо баёни ин ки дар ҳоли ҳозир ин ....

Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ аз вазифааш озод карда шуд 06.02.2019 08:55
Тибқи иттилоъи дафтари матбуъотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури муҳтарами кишвар бо имзои як саре аз фармонҳо, аз ҷумла Худойбердӣ Холиқназарро бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори Маркази тадқиқоти стратегии назди раиси ҷумҳур озод ва ба ҷояш Диловар Баҳриддинро таъин кардааст. Қодирзода Диловар Баҳриддин то ҳол ректори ....
Вазири хориҷаи Русия пас аз дидор бо мақомоти тоҷик: бахши муҳоҷират бояд комилан қонунӣ шавад 05.02.2019 14:19
Сергей Лавров вазири умури хориҷаи Русия пас аз дидор бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон зимни нишасти матбуъотӣ гуфт: “бахши муҳоҷират бояд пурра қонунӣ шавад ва барои худи муҳоҷирон хуб шавад. Бастаи санадҳо вуҷуд дорад ва бояд ҳамаи онҳо имзо шавад”. Лавров бо баёни ин ки мо талоши зиёд барои беҳбуди шароити тоҷикистониён ....
Дидори вазири хориҷаи Русия бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон 05.02.2019 13:04
Бино ба гузориши хабаргузории “Ховар”, соъоте қабл дар кохи “Миллат” Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури муҳтарами Тоҷикистон Сергей Лавров вазири корҳои хориҷии Русияро, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Ба гуфтаи ин манбаъ, тайи ин дидор маҷмуъи васеи масоили вобаста ба ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Душанбе ....
Роҳандозии 4 ихтисоси нав дар донишкадаи забонҳои Тоҷикистон 05.02.2019 10:39
Маҳмадулло Раҷабзода ректори донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон рӯзи гузашта зимни нишасти матбуъотӣ гуфт: барои тақвият бахшидан ба сатҳи забономӯзии донишҷӯён ва ба талаботи меҳнат омода намудани мутахассисон донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 4 ихтисоси нав роҳандозӣ намудааст. Ба гуфтаи вай, соли таҳсили 2018-2019 ихтисосҳои нав: забон ва адабиёти ....
Даъвои ҷавони ҳиндӣ бо волидайнаш ба хотири ба дунё омадан 05.02.2019 10:11
Ин ҷавони 27 сола қасд дорад алайҳи волидайнаш, ки акнун ӯро бидуни мувофиқааш ба дунё овардаанд, дар маҳкама арз кунад. Ба гузориши Спутник, Рафаэл Самуэл ҷавони 27 солаи ҳиндӣ аст, ки худашро тарафдори таваллудситезӣ-як дидгоҳи фалсафӣ, ки ба таваллуди одамҳо баҳои манфӣ медиҳанд, мехонад, гуфтааст, ки волидайнаш вайро бидуни мувофиқааш ба ....
Рози марги Искандари Мақдунӣ фош шуд 05.02.2019 09:48
Рамзу рози марги Искандари Мақдунӣ мумкин аст акнун ҳал шуда бошад. Марги ӯ акнун ваҳшатноктар аз он чизе аст, ки фикрашро мекунед. Искандар ин нобиғаи низомии тарснок пас аз бозгашт аз лашкаркашӣ ба Афғонистон ва шимоли Ҳиндустон дар Байн-ан-наҳрайн ба як бемории нодир мубтало шуд, ки ӯро муддати шаш рӯз фалаҷ ....
Даромади наздик ба 400 ҳазор доллар аз нақзи қонуни танзим дар соли 2018 05.02.2019 08:26
Дар Тоҷикистон дар соли гузашта барои риоя накардани қонуни кишвар дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо 648 нафар ҷарима карда шуданд. Бино ба иттилоъи суди олии Тоҷикистон, дар кишвар дар соли 2018  нафароне, ки қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳоро риоя накарданд ба миқдори 383,8 ҳазор доллар ҷарима ....
Имзои созишнома дар мавриди муҳоҷирати корӣ миёни Тоҷикистон ва Қатар 04.02.2019 16:11
Дар чорчӯби сафари кории Сумангул Тағойзода вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар торихи 3-уми феврали соли ҷорӣ ба Қатар як созишнома дар мавриди муҳоҷирати корӣ миёни ду кишвар ба имзо расид. Тағойзода дар ҷараёни ин сафар бо Юсуф бини Муҳаммад ал-Усмон вазири рушди идорӣ, шуғл ва умури иҷтимоъии давлати ....
Чаро варзиш моро солимтар нигоҳ медорад? 04.02.2019 15:09
Як пажӯҳиши ҷадид, ки вазъияти дохилии бадани афроде, ки фаъол ҳастанд ва афроде, ки доим нишастаандро мавриди мутолиъа ва муқойиса қарор додааст, нишон медиҳад мардуме, ки варзиш мекунанд протеинҳои мутафовите дар ҷараёни хуни худро доранд, аммо афроде, ки варзиш намекунанд онҳоро надоранд. Ба гузориши “Ню-Йорк таймз”, протеинҳо рӯи ҷанбаҳои мухталифи бадани ....
Мухолифати Ҳинд бар тарҳи ташкили давлати муваққат дар Афғонистон 04.02.2019 13:26
Мақомоти ҳиндӣ эълом карданд, ки Деҳлии Нав мухолифи тарҳи ташкили давлати муваққат дар Афғонистон аст. Ба гузориши Спутник, вақте Зулмай Халилзод намояндаи вижаи Амрико дар умури сулҳи Афғонистон барои дидор бо мақомоти ҳандӣ ба Деҳлии Нав сафар кард, мақомоти ин кишвар дар хитоб ба Халилзод гуфтанд, ки Деҳлӣ хостори истиқрори давлати ....
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97