Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ аз вазифааш озод карда шуд

Хабари хуб 06.02.2019 08:55

Тибқи иттилоъи дафтари матбуъотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури муҳтарами кишвар бо имзои як саре аз фармонҳо, аз ҷумла Худойбердӣ Холиқназарро бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори Маркази тадқиқоти стратегии назди раиси ҷумҳур озод ва ба ҷояш Диловар Баҳриддинро таъин кардааст.

Қодирзода Диловар Баҳриддин то ҳол ректори Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон буд. Ҷойгузини ӯ дар мақоми ректори донишгоҳ Обидов Фозил Саидович шуд

Инчунин бо амрҳои раиси ҷумҳури Тоҷикистон Сайфулло Сафар низ бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муъовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди раиси ҷумҳур ва Муминова Фарида аз вазифаи муъовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди раиси ҷумҳур озод карда шуданд. 

Муҳаммадзода Парвиз Абдураҳмон муъовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди раиси ҷумҳур таъин шудааст.

Тибқи амри дигари раиси ҷумҳур, Эмомзода Неъматулло бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Эрон озод гардид.

Инчунин раиси ҷумҳур фармон додааст, Зарифзода Абдукарим Абдураҳим аз вазифаи муъовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Насредин Исматулло аз вазифаи муъовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон барканор гардида, мақоми сафири Тоҷикистон дар Покистонро гирифт.

Шоҳиён Абдусаттор аз  вазифаи сардори Донишкадаи олии сарҳадии кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба мақоми муъовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ - тарбиявӣ таъин шуд. Мирзоев Бадриддин Қиёмиддинович мақоми сардори Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ-ро гирифт.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97