Вазири хориҷаи Русия пас аз дидор бо мақомоти тоҷик: бахши муҳоҷират бояд комилан қонунӣ шавад

Хабари хуб 05.02.2019 14:19

Сергей Лавров вазири умури хориҷаи Русия пас аз дидор бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон зимни нишасти матбуъотӣ гуфт: “бахши муҳоҷират бояд пурра қонунӣ шавад ва барои худи муҳоҷирон хуб шавад. Бастаи санадҳо вуҷуд дорад ва бояд ҳамаи онҳо имзо шавад”.

Лавров бо баёни ин ки мо талоши зиёд барои беҳбуди шароити тоҷикистониён дар Русияро рӯи даст гирифтаем ва аз ҷониби Тоҷикистон тезондани таҳияи созишномаҳоро дархост кардем, афзуд: “барои муҳоҷирони тоҷик сабукиҳои зиёде пешниҳод шудаанд, барои самаранокии бештари корҳо ва барои он ки мардум худро беҳтар муҳофизатшуда эҳсос кунанд, аз ҷониби Тоҷикистон дархост кардем, ки таҳиясозии лоиҳаи созишномаҳоро дар ин бахш вусъат бахшанд”.

Вазири корҳои хориҷии Русия дар идома гуфт, бояд Душанбеву Маскав созишнома дар бораи нафақаи муҳоҷирони кориро низ имзо кунанд, ки ба қавли ӯ дар рӯи мизи музокирот истодааст.

 Вай ҳамчунин хостори омода кардани муҳоҷирон пеш аз сафари онҳо ба Русия шуд ва таъкид кард, ки бояд аз пеш аз сафар кор бурда шавад, то муҳоҷирон донанд, ки корфармояшон кист ва коре, ки мекунанд, қонунист ва бояд касе шиносномаашонро кашида нагирад.

Лавров гуфт, барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ аз ҳамтоёни тоҷики худ хостаанд, бояд ҳарчи зуд созишномаҳои иловагиро имзо кунанд.

Сергей Лавров ҳамчунин зимни мулоқот бо Сироҷиддин Муҳриддин ҳамтои тоҷики худ омодагиҳо ба сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Русияро баррасӣ карданд. Ӯ санаи дақиқи ин сафарро нагуфт, аммо аз санадҳое суҳбат кард, ки бояд аз ҷониби роҳбарони Русия ва Тоҷикистон имзо гарданд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97