Дидори вазири хориҷаи Русия бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон

Хабари хуб 05.02.2019 13:04

Бино ба гузориши хабаргузории “Ховар”, соъоте қабл дар кохи “Миллат” Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури муҳтарами Тоҷикистон Сергей Лавров вазири корҳои хориҷии Русияро, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Ба гуфтаи ин манбаъ, тайи ин дидор маҷмуъи васеи масоили вобаста ба ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Душанбе ва Маскав мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сарвари давлати Тоҷикистон дар оғози гуфтугӯ изҳор доштанд, ки рушди мунтазами муносибатҳои Тоҷикистону Россия дар сиёсати хориҷии ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи вижа дорад.

Ҳалли масоили байниминтақаӣ дар заминаҳои тиҷорию иқтисодӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, ҷалби технология барои тавлиди маҳсулоти саноъатӣ дар заминаи ашёи хом, коркарди нахи пахта, меваю сабзавот, маҳсулоти чорво, азхудкунии неъматҳои табиъӣ, афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба бозорҳои Русия, баррасии масъалаҳои ташкили марказҳои нақлиётӣ-логистикӣ, аз мавзуъоти муҳиму ояндадори равобити ду кишвар арзёбӣ шуданд.

Дар дидори раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва вазири хориҷаи Русия дар робита ба масъалаҳои ҳамгироии сиёсӣ, амнияти минтақавӣ, ҳамкории низомӣ ва низомию техникӣ, оид ба мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, вазъи мураккаби сиёсӣ дар Афғонистон, ҳифзи марзи давлатӣ, татбиқи барномаи модернизатсияи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар самти муҳоҷирати корӣ, фарҳангию гуманитарӣ, илму маъориф, аз ҷумла сохтмони мактабҳои омӯзиши забони русӣ, ҷалби омӯзгорони рус ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро ҳамаҷониба баррасӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин дигар мавзӯъҳои вобаста ба муносиботи дуҷонибаи минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97