Даромади наздик ба 400 ҳазор доллар аз нақзи қонуни танзим дар соли 2018

Хабари хуб 05.02.2019 08:26

Дар Тоҷикистон дар соли гузашта барои риоя накардани қонуни кишвар дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо 648 нафар ҷарима карда шуданд.

Бино ба иттилоъи суди олии Тоҷикистон, дар кишвар дар соли 2018  нафароне, ки қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳоро риоя накарданд ба миқдори 383,8 ҳазор доллар ҷарима шуданд.

Тибқи маълумоти манбаъ, дар соли 2018 суд беш аз 660 парвандаро баррасӣ намудаааст, ки нисбат ба соли гузашта 133 ҳолат камтар будааст. Соли 2017 қонуншиканҳо ба миқдори 375 ҳазор доллар ҷарима шуда буданд.

Барои нақзи қонуни  Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо 648 нафар ба маблағи 383,8 ҳазор доллар ҷарима шудааст.

Мақомоти суди оли дар хотима тасреҳ карданд, ки ба далели набудани қонуншикании маъмӯрӣ 12 парванда дар робита ба нақзи қонуни танзим қатъ карда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки қонуни  Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар соли 2017 қабул шуда буд. Новобаста аз ҷаримаҳои зиёд то ҳол шаҳрвандоне пайдо мешаванд, ки қонуни танзимро нақз мекунанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97