Роҳандозии 4 ихтисоси нав дар донишкадаи забонҳои Тоҷикистон

Хабари хуб 05.02.2019 10:39

Маҳмадулло Раҷабзода ректори донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон рӯзи гузашта зимни нишасти матбуъотӣ гуфт: барои тақвият бахшидан ба сатҳи забономӯзии донишҷӯён ва ба талаботи меҳнат омода намудани мутахассисон донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 4 ихтисоси нав роҳандозӣ намудааст.

Ба гуфтаи вай, соли таҳсили 2018-2019 ихтисосҳои нав: забон ва адабиёти тоҷик – забони англисӣ, забон ва адабиёти тоҷик – фарҳанги ҷаҳонӣ, забони франсузӣ – забони англисӣ ва забони немисӣ –забони  англисӣ дар ин донишкада роҳандозӣ шуд.

Роҳандозии ихтисосҳои ҷадид дар донишкадаи забонҳо дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури муҳтарами Тоҷикистон зимни пешниҳоди паёми  навбатӣ ба  Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон  26 декабри соли 2018 бо изҳори нигаронӣ аз вазъи  забономӯзии ҷавонон таъкид намуданд, ки ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода шавад; «Аз ин лиҳоз ба қукумати кишвар, вазоратҳои маъориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи илмҳо супориш дода мешавад, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 барномаи нави такмили таълими забонҳои русӣ ва англисиро барои давраи то соли 2030 таҳия ва пешниҳод намоянд».

Зикр гардид, ки бо мақсади дар сатҳи баланд омода намудани кадрҳои забондон ва мутахассисони варзидаи соҳа аз хориҷи мамлакат 10 нафар омӯзгорон барои кор ба донишкада ҷалб гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки омӯзгорони донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода  дар 4 факултет ва даҳ кафедра аз рӯи 27 ихтисос ба донишҷӯён дарс мегӯянд.

Манбаъ: хабаргузори “Ховар”

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97