Бо як атса ё сурфа задан ҳудуди 100 ҳазор микроб ба берун партоб мешавад

Хабари хуб 06.02.2019 13:19

Аксари мардум медонанд, ки афроди бемор бо атса задан ва сурфа кардан омили бемориашонро, агар микробе бошад, ба атроф мепарокананд, аммо ёфтаҳои як пажӯҳиши ҷадид нукоти шигифтангезеро пай бурдааст, ки бо як атса задан микроб бо чи суръат ва ба чи масофате пароканда мешавад.

Донишмандон дар донишгоҳи Бристоли Англия дарёфтаанд, ки бо як атса ё сурфа задан ҳудуди 100 ҳазор микроб бо суръати беш аз 160 километр дар соъат ба берун партоб мешавад.

Як фарди солим пас аз гирифтани ҳудуди 1000 аз ин бактерияҳо бемор шуда метавонад. Танаффуси 50 қатраи кӯчаки ҳавойи, ки ҳар яке то 20 вирус ё бактерияро дар худ дошта метавонад, барои бемор кардани марди солим басанда аст.

Бештари ин авомили беморизо вирусҳо ба вижа вируси омили зуком ва резиш мебошанд. Аммо бактерияҳо, мисли омили сина ва бағал микробе низ бо ин равиш ҳавои атрофи беморро олуда карда метавонанд.

Донишмандон гуфтаанд, ки бештарини мизони интишори микроб аз фарди бемор ба муҳит, дақиқаҳои нахусти пас аз атса задан ва сурфа кардан аст. Қатраҳои кӯчаки ҳавойи дорои микроб, ки аз даҳони бемор бо атса задан берун мешавад, то аъмоқи шуши фарде, ки онро нафас мекашад, нуфуз карда метавонанд.

Ин қатраҳо, ки камтар аз як тори мӯй қутр (андоза) дошта бошанд, ба гуфтаи донишмандон, гоҳе барои чанд сония ва гоҳе ҳам барои ҳафтаҳо дар ҳаво муъаллақ мемонанд.

Пизишкон суфориш мекунанд ҳангоме, ки як фарди бемор сурфа мекунад ё атса мезанад, бояд афроди солим аз вай кам аз кам ду метр фосила дошта бошанд.

Суфориши дигари пизишкон ин аст, ки фарди бемор барои муҳофизат аз атрофиёни азиз ва дӯст доштании худ, даҳан ва биниашро бо моск (ниқоб) пӯшад ё ҳам ҳангоми сурфа кардан ё атса задан онро бо дастмол ё кам аз кам остини пероҳаншон бипӯшонад.

Шустани пайҳами дастон бо об ва собун ё ҳам пок кардани он бо маҳлулҳои спиртӣ равиши муфиди дигар барои ҷилавгирӣ аз интишори ин микробҳо аз тариқи тамос унвон шудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97