Рози марги Искандари Мақдунӣ фош шуд

Хабари хуб 05.02.2019 09:48

Рамзу рози марги Искандари Мақдунӣ мумкин аст акнун ҳал шуда бошад. Марги ӯ акнун ваҳшатноктар аз он чизе аст, ки фикрашро мекунед.

Искандар ин нобиғаи низомии тарснок пас аз бозгашт аз лашкаркашӣ ба Афғонистон ва шимоли Ҳиндустон дар Байн-ан-наҳрайн ба як бемории нодир мубтало шуд, ки ӯро муддати шаш рӯз фалаҷ кард, ба тадриҷ аз ӯ тавоноии ҳаракат, сӯҳбат кардан ва дар ниҳоят нафас кашиданро гирифт. Ба ин маънӣ аст, ки ӯ замоне, ки сарбозони вафодораш баданашро барои дафн дар 323 сол қабл аз мелод омода мекарданд, эҳтимолан ҳанӯз зинда будааст. Албатта мушакҳои ӯ қабл аз маргаш дигар кор намекарданд, вале ба эҳтимоли наздик ба яқин ӯ дар ҳоле ки ҳанӯз нафас мекашида дохили тобут гузошта шудааст.

Искандар яке аз беҳтарин ҷангҷӯёни торих, императории худро дар дунёи бостон аз тариқи як саре аз футуҳоти ҷангии ваҳшиёна ба вуҷуд оварда буд. Дар синни 25 солагӣ артиши ӯ бидуни таҳаммули шикаст тавонист сарзаминҳои Ирон, Осиёи Сағир, Сурия ва Мисрро тасарруф кунад. Бо фатҳи императории Ҳахоманишӣ ба сипоҳиёнаш иҷоза дод, то чандин рӯз ирониёнро бикушанд ва ғорат кунанд; куштор, ғорат ва оташ задани тахти Ҷамшедро аз кохи Хашоёршо ва китобхонаи шаҳр оғоз карда ва онро нобуд кард.

Ин раҳбари ҷангии барҷаста ба таври ногаҳонӣ дар синни 32 солагӣ дар Бобул ба беморӣ мубтало шуд ва барои чандин даҳа муаррихон фикр мекарданд ӯ ба далели бемории “тайфуйд” (бемории тиф), масрафи беш аз андозаи алкул (шароб) ва ҳатто масмумият (заҳролудшавӣ) мурда бошад, вале дар ҳоли ҳозир муҳаққиқон Зеландияи Нав ба ин боваранд, ки Искандар ба далели мубтало шудан ба як бемории нотавонкунандаи системаи иммунии бадан аз дунё рафтааст. Ин беморӣ ӯро фалаҷ карда буд ба тавре ки ӯ ҳатто қодир ба сӯҳбат кардан набуда ба ин маънӣ, ки коркунони ӯ тақрибан як ҳафта мутаваҷҷеҳ нашуданд, ки императоршон ҳанӯз зинда аст.

Доктор Кэтрин Ҳолл донишёри (дотсент) донишкадаи пизишкии Дания дар Зеландияи Нав  мегӯяд: “марги ӯ мумкин аст маъруфтарин маврид аз ташхиси ғалати марг бошад, ки то кунун дар торих сабт шудааст”.

Гуфта мешавад, ки бемории ӯ пас аз як шаби ошомидани 12 истакони бузурги шароб шуруъ шуда бошад. Искандар субҳи рӯзи баъд аз хастагӣ ва дард шикоят кард, аммо баъд дубора дархости шароб карда буд. Рӯзи баъдаш дарди шиками шадиде Искандарро фаро гирифт ва пизишкон дарди ӯро сармохӯрдагии шадид ташхис доданд. Танҳо 8 рӯз баъд аз аввалин аломатҳои дард Искандар фақат қодир буд пилкҳояшро ба ҳам бизанад ва ангуштонашро такон диҳад, дар рӯзи 11-ум пизишкон подшоҳи Мақдунияро мурда эълом карданд.

Доктар Ҳолл мегӯяд, аломатҳои бемории Искандар бо ихтилоли мағзии синдроми “Гийе́на-Барре́” мутобиқат дорад. Ин беморӣ замоне иттифоқ меафтад, ки системаи иммунии бадан ба системаи асабӣ ҳамла мекунад ва ба тадриҷ қурбониро фалаҷ мекунад. Дар ҳоли ҳозир ин беморӣ дар Англия ва Амрико як нафар дар сад ҳазор нафарро даргир мекунад.

Ба ҳамин далел вақте пизишкон ташхис доданд, ки ӯ мурда, дар воқеъ Искандар ҳанӯз зинда будааст чаро ки донишмандони юнонӣ баъдан навиштанд, ки дар рӯзҳои пас аз марги ӯ бадани Искандар ҳанӯз таҷзия нашуда буд ва ин мавзуъ исботи зинда будани ӯст. Дар воқеъ Искандар дар он замон он қадар ором нафас мекашида, ки пизишкон қодир ба ташхиси он набуданд.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97