Раиси Бонки миллӣ: “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” бе ҷалби сармоя уҳдадориҳояшонро иҷро карда наметавонанд.

Хабари хуб 06.02.2019 14:52

Ҷамшед Нурмаҳмадзода раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни нишасти матбуъотӣ изҳор дошт, ки “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”бидуни ҷалби сармоя уҳдадориҳояшонро дар назди муштариён иҷро карда наметавонанд.

Вай бо баёни ин ки дар ҳоли ҳозир ин ду бонк фаъолияташон идома дорад ва уҳдадориҳояшонро дар назди муштариён кам карда истодаанд, гуфт: “ҳоло "Агроинвестбонк"  дар назди шахсони воқеъӣ 738 миллион сомонӣ ва Тоҷиксодиротбонк  594 миллион сомонӣ қарздор ҳастанд.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳамчунин афзуд, ки роҳбарияти ин ду бонк барои ҳалли мушкилоти бонкӣ дар ҷустуҷӯи сармоягузор мебошанд.

Вай гуфт, гуфтушунидҳо бо сармоягузорон тӯли ду соли ахир идома дорад, зеро бидуни ҷалби сармоя бонкҳои мазкур уҳдадориҳояшонро дар назди муштариён иҷро карда наметавонанд.

Нурмаҳмадзода дар поёни суханонаш бо таъкид ба ин ки мо ҷонибдори он ҳастем, ки ин ду бонк барои худ сармоя ҷалб кунанд ва мушкилотшонро ҳал намоянд, тасреҳ кард: “раиси ҷумҳур дар маҷлиси ахири васеъи ҳукумат ба Вазорати молия ва Бонки миллӣ супориш дода буд, ки то 20 феврал пешниҳодҳо оид ба тақдири ин ду бонк пешниҳод гардад. Хулосаҳои мо нисбати ин ду бонк то 20 феврал омода мешавад ва ба ҳукумат пешниҳод мегардад".

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97