Ҷодаҳои ҷудогона барои мардон ва занон дар Исройил

Хабари хуб 06.02.2019 10:30

Бархе аз ҷодаҳои шаҳри Байт-ул-Муқаддас (Ерусалим) дар Исройил ба мардона ва занона ҷудо карда шуданд.

Ба гузориши Спутник ба нақл аз агенти хабарии  Ynet, рӯзи гузашта дар минтақаи фавқулодда мазҳабии “Курумовром” дар шаҳри Байт-ул-Муқаддаси Исройил лавҳаҳое насб шуданд, ки ҷодаҳои ин минтақаро ба мардона ва занона тақсим намудааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, қонуни мазкур аз суи сокинони ин минтақаи мазҳабӣ эҷод шудааст.

Сокинони маҳалл дар оғози ҳар ҷода лавҳаеро насб намудаанд, ки нишон медиҳад аз ин ҷода мардҳо ва ё занҳо истифода карда метавонанд.

Ин ибтикор ба интиқод ва норизоятии шуморе аз созмонҳо ва ҷунбишҳои иҷтимоъӣ мувоҷеҳ гардидааст. Ба таври мисол раиси ҷунбиши “Исройили озод” аз шорволи (мир, раиси шаҳр) Байт-ул-Муқаддас хостааст то ин масаъларо ҳалл кунад.

Лозим ба зикр аст, аксари бошандагони минтақаи “Курумовром”-и Байтул-ул Муқаддас пойбанди дидгоҳи зидди яҳудӣ (саҳюнизмситезӣ) мебошанд. Онҳо на танҳо дар интихоботи шорволӣ ва порлумонӣ ширкат намекунанд, балки дар муассисоте, ки тавассути ҳукумати Исройил таъмини будҷа мешаванд низ тадрис намекунанд.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97