Имзои созишнома дар мавриди муҳоҷирати корӣ миёни Тоҷикистон ва Қатар

Хабари хуб 04.02.2019 16:11

Дар чорчӯби сафари кории Сумангул Тағойзода вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар торихи 3-уми феврали соли ҷорӣ ба Қатар як созишнома дар мавриди муҳоҷирати корӣ миёни ду кишвар ба имзо расид.

Тағойзода дар ҷараёни ин сафар бо Юсуф бини Муҳаммад ал-Усмон вазири рушди идорӣ, шуғл ва умури иҷтимоъии давлати Қатар дидор ва гуфтугӯ анҷом дод. Дар поёни дидор созишномаи байни ҳукумати Тоҷикистон ва давлати Қатар оид ба танзими нерӯи корӣ дар давлати Қатар ба имзо расонида шуд.

Масоили ҳамкорӣ миёни ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати Қатар дар ҷараёни сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури муҳтарами Тоҷикистон ба давлати Қатар дар торихи 5-7 феврали соли 2017, ки бо даъвати Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ амири Қатар баргузор  гардида буд, маншаъ мегирад.

Тибқи муқаррароти Созишнома миёни Тоҷикистон ва Қатар оид ба танзими қувваи корӣ ба давлати Қатар дар асоси шартномаи меҳнатии инфиродӣ байни коргар ва корфармо, ки тибқи қонуни давлати Қатар оид ба меҳнат танзим мегардад, кору фаъолият намоянд.

Зикр бояд кард, ки созишномаи мазкур баъд аз гузаронидани расмиёти дохили давлатии тарафайн эътибор пайдо намуда, ҷалби коргарон тавассути муассисаи давлатии «Агентии ба кортаъминкунӣ дар хориҷа»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар асоси ихтисосҳои мавриди ниёзи кордиҳандагони қатарӣ ба роҳ монда мешавад.

Зимни ин сафар вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон бо Юсуф бин Муҳаммад ал-Усмон вазири рушди идорӣ, шуғл ва умури иҷтимоии давлати Қатар, Иброҳим ал-Дуҳейлӣ мудири кулли Кумитаи танзими корҳои хайриявӣ ва муовини Вазири рушди идорӣ, шуғл ва умури иҷтимоии давлати Қатар мулоқоту вохўриҳо анҷом дода, масъалаҳои ҳамкории минбаъдаи дуҷонибаро дар самти муносибатҳои меҳнатӣ, шуғли аҳолӣ, таҳсилоти касбӣ ва таълими калонсолон мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор доданд.

Вохўриҳо дар фазои дўстона ва ҳусни тафоҳур баргузор гардиданд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97