Мухолифати Ҳинд бар тарҳи ташкили давлати муваққат дар Афғонистон

Хабари хуб 04.02.2019 13:26

Мақомоти ҳиндӣ эълом карданд, ки Деҳлии Нав мухолифи тарҳи ташкили давлати муваққат дар Афғонистон аст.

Ба гузориши Спутник, вақте Зулмай Халилзод намояндаи вижаи Амрико дар умури сулҳи Афғонистон барои дидор бо мақомоти ҳандӣ ба Деҳлии Нав сафар кард, мақомоти ин кишвар дар хитоб ба Халилзод гуфтанд, ки Деҳлӣ хостори истиқрори давлати муваққат дар Афғонистон нест.

Гуфта мешавад, ки ин изҳорот пеш аз нишасти 6 рӯзаи ҳайати амрикоӣ бо Толибон дар Дуҳа пойтахти Қатар анҷом шуд ва пас аз ин ки ду тараф таъкид доштанд пешрафти қобили мулоҳизае дар раванди гуфтугӯҳо сурат гирифтааст.

Нахустин вокуниши сухангӯи вазорати хориҷаи Ҳинд ин буд, ки интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бояд дар замони таъйиншудаи он баргузор шавад.

Бар асоси ин гузоииш, мақомоти ҳиндӣ ба Халилзод гуфтанд: Деҳлии Нав далоили Вашингтонро барои хурӯҷи фаврии нерӯҳо аз Афғонистонро дарк мекунад, аммо тавофуқи сулҳ бояд аз сохтори сиёсӣ ва қонуни асосии кунунӣ ҳифозат кунад.

Ҳинд пеш аз ин низ дар нишасти сулҳи Маскав, ки 12 кишвари минтақаӣ ва байналмиллалӣ дар он ҳузур доштанд дар ҳимоят аз давлати Афғонистон аз эъзомӣ намояндаи расмӣ ба ин нишаст худдорӣ кард ва бо ҷои он дипламотҳои бознишастаи худро ба ин конфронс фиристод.

Манобеъи ҳиндӣ эълом карданд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бораи ташкили давлати муваққат дар Афғонистон мавзеъи муштараки Ҳиндро доранд ва Деҳлӣ дар бораи таҳаввулоти Афғонистон бо Русия ва Ирон дар тамос аст ва дар бораи тағйири шароит бо Чин низ гуфтугӯ хоҳад кард.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97