Чаро варзиш моро солимтар нигоҳ медорад?

Хабари хуб 04.02.2019 15:09

Як пажӯҳиши ҷадид, ки вазъияти дохилии бадани афроде, ки фаъол ҳастанд ва афроде, ки доим нишастаандро мавриди мутолиъа ва муқойиса қарор додааст, нишон медиҳад мардуме, ки варзиш мекунанд протеинҳои мутафовите дар ҷараёни хуни худро доранд, аммо афроде, ки варзиш намекунанд онҳоро надоранд.

Ба гузориши “Ню-Йорк таймз”, протеинҳо рӯи ҷанбаҳои мухталифи бадани инсон таъсири мусбат мегузоранд, аз системаи дифоъӣ гирифта то сатҳи қанди хун, то шифои захм. Ёфтаҳои ҷадид метавонад моро ба дарки беҳтари таъсироти мусбати варзиш ва фаъолияти физикӣ дар сатҳи малекулавӣ наздиктар кунад.

Бар асоси ин таҳқиқ, тардиде боқӣ намемонад, ки фаъолияти физикӣ барои инсонҳо муфид аст; моро тандуруст нигоҳ медорад, хатари бемориҳои мухталифро пойин меоварад, саломатии қалбамонро беҳтар мекунад, моро қаввитар карда ва ба тӯли умрамон меафзояд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97