Хабари хуб

Таҳсил барои хоҳишмандон дар донишгоҳҳои давлатии Италия 13.02.2019 14:00 Таҳсил барои хоҳишмандон дар донишгоҳҳои давлатии Италия
Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмиллалӣ”-и Вазорати маъориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилоъи хоҳишмандон ва ҳаводорони омӯзиш мерасонад, ки дар торихи 14-уми феврали соли ҷорӣ дар соъати 15:00 дар бинои ҳамин муассиса ....

Узбекистон тавлиди яхдонҳо дар Тоҷикистонро роҳандозӣ мекунад 13.02.2019 09:26
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволӣ Тоҷикистон гуфт, ки ширкати узбакии Artel барои истеҳсоли яхдонҳо дар кишвар ифтитоҳ хоҳад шуд. Молҳои тавлиди  Artel чанд сол мешавад, ки дар бозори Тоҷикистон низ ба фурӯш меравад. Ширкат байни сокинони кишвар харидорони зиёд пайдо кардааст. Фаррух Ҳамрализода раиси Кумитаи сармоягузорӣ бо баёни ин ки ....
Тими “Истиқлол” барои аввалин бор дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё ширкат мекунад 12.02.2019 13:42
Тими футболи “Истиқлол”-и Душанбе ё ба иборати дигар тими қаҳрамони футболи Тоҷикистон барои аввалин бор дар Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсиони футболи Осиё  (AFC ) иштирок мекунад. Имрӯз, яъне 12 феврал футболбозони тоҷикистонӣ дар муқобили дастаи “АГМК”-и Алмалики Узбекистон вориди майдони рақобат  мешаванд. Ин бозӣ дар дар варзишгоҳи “АГМК”-и шаҳри Алмалиқи Узбекистон баргузор мешавад. Тибқи ....
Таҳсил дар Академияи дипломатии Ҷумҳурии Озарбойҷон 12.02.2019 13:29
Муассисаи давлатии "Маркази барномаҳои байналмилалӣ" - и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом кардааст, ки барои соли таҳсили 2019-2020 ҷиҳати таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон аз рӯи зинаи бакалавр ва магистратура қабули ҳуҷҷатҳо имрӯз, 12 феврал ба поён мерасад.
Озмуни шаҳрдорӣ барои “Беҳтарин армуғони сайёҳӣ” 12.02.2019 12:53
Ҳукумати шаҳри Душанбе дар чорчӯби нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи рушди сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2018-2020, ки бо қарори раиси шаҳри Душанбе аз 22 августи соли 2018, № 555 тасдиқ шудааст, озмуни «Беҳтарин армуғони сайёҳӣ»-ро эълом кардааст. Тибқи иттилоъи маркази матбуъоти шаҳрдории пойтахт, бо мақсади нигоҳ доштани расму ойинҳо ва анъанаҳои ....
Шаҳрвандон барои 1 метри мукаъаб оби ошомиданӣ 2.65 сомонӣ пардохт бояд кунанд 12.02.2019 10:57
Тобистони соли гузашта 1 метри мукаъаб (1000 литр) оби ошомиданӣ дар Тоҷикистон ба 2.65 сомонӣ (0.3 доллар) афзоиш ёфт. Ин дар ҳоле аст, ки аҳолии манотиқи кишвар барои ҳар метри мукаъаб оби ошомиданӣ ба таври миёна 0.91 сомонӣ (0.09 доллар) пардохт мекарданд. Вале тирамоҳи соли гузашта нархи оби ошомиданӣ якбора боло ....
Муҷаддадӣ раиси ҷумҳури собиқи Афғонистон даргузашт 12.02.2019 10:01
 Сибғатуллоҳ Муҷаддадӣ  даргузашт. Вай нахустин раиси ҷумҳури давлати исломии Афғонистон дар даҳаи навадуми мелодӣ ва раҳбари Ҳизби наҷоти миллӣ буд, ки дар синни 93 солагӣ дар Кобул даргузашт. Муҷаддадӣ дар соли 1926 дар як хонаводаи руҳонӣ дар шаҳри Кобул ба дунё омадааст. Муҷаддадӣ то қабл аз вафоташ раиси Луи Ҷиргаи тасвиби қонуни асосии ....
Салмони Рушдӣ: дигар намехоҳам пинҳонӣ зиндагӣ кунам 12.02.2019 09:21
Салмон Рушдӣ нависандаи бритониёӣ-ҳиндӣ ва муаллифи китоби “Оёти шайтонӣ” бо гузашти 30 сол аз судури фатвои Руҳуллоҳ Хумайнӣ алайҳи худ мегӯяд дигар моил нест пинҳонӣ зиндагӣ кунад. Зиндагии Салмони Рушдӣ аз рӯзи 14 феврали 1979 ва пас аз он ки раҳбари вақти Ирон ба далели нигориши китоби “Оёти шайтонӣ” алайҳи ӯ ....
Агентии мубориза бо коррупсия аз ҳама бештар ҷиноятҳои коррупсионӣ дар соҳаи маъориф ва тандурустиро ошкор кард 12.02.2019 08:38
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуъотӣ гузориш дод, ки ҷиноятҳои коррупсионӣ дар соҳаҳои маъориф ва илм 96, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоъии аҳолӣ 108 теъдодро ташкил додааст. Ин теъдоди ҷиноятҳои коррупсионӣ дар муқоиса ба дигар вазорату идораҳо ба маротиб бештар аст. Қобил ба зикр аст, ки ....
Ҳеч касе ҷуръати хариди наққошиҳои Гитлерро накард 11.02.2019 14:54
Панҷ тасвир, ки мумкин аз сохтаҳои Адолф Гитлер бошад, дар музоядаи “Weidler”-и шаҳри Нюрнберги Олмон ҳеч харидоре наёфтанд. Рӯзномаи “Nuernberger Nachrichten” дар ин хусус навиштааст. Бар асоси иттилоъоти ин рӯзнома, қимати ибтидойи ин наққошиҳо 45 ҳазор евро буд. Далелҳое, ки бар асоси он тасвирҳо фурӯхта нашуд, мушаххас нест, аммо ин рӯзнома менависад, ....
Ҳаракати нақлиёт дар масири Хоруғ-Ишкошим аз сар гирифта шуд 11.02.2019 13:19
Хабаргузории ТоҷикТа бо истинод аз бахши нақлиёти ҳукумати вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон мегӯяд: роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошим пас таваққуфи зиёд дубора кушода шуд. Ба гуфтаи ин манбаъ: “роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошим бо сабаби бориши зиёди барф ва резиши тарма барои муддати зиёд баста шуда буд. Норасойи таҷҳизоти роҳтозакунӣ ва зуд-зуд фаромадани тарма, ки ....
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97