Даъвои ҷавони ҳиндӣ бо волидайнаш ба хотири ба дунё омадан

Хабари хуб 05.02.2019 10:11

Ин ҷавони 27 сола қасд дорад алайҳи волидайнаш, ки акнун ӯро бидуни мувофиқааш ба дунё овардаанд, дар маҳкама арз кунад.

Ба гузориши Спутник, Рафаэл Самуэл ҷавони 27 солаи ҳиндӣ аст, ки худашро тарафдори таваллудситезӣ-як дидгоҳи фалсафӣ, ки ба таваллуди одамҳо баҳои манфӣ медиҳанд, мехонад, гуфтааст, ки волидайнаш вайро бидуни мувофиқааш ба дунё овардаанд.

Самуэл хотирнишон сохтааст, ки равобити ӯ бо волидайнаш хуб аст ва зиндагии хуб ва ороме доранд, аммо вай намехоҳад вақташро барои мактаб хондан ва ё кор кардан зоеъ кунад.

Ба ақидаи вай, волидайнаш ӯро ба хотири лаззати худшон ба дунё овардаанд. Ин ҷавони ҳиндӣ тарбияи фарзандон тавассути волидайнро ба “рабудан ва бардадорӣ” муқойиса мекунад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97