Пешвоёни тазоҳургарон дар Баҳрайн боздошт шуданд

Хабари хуб 18.03.2011 15:23

bahreinТибқи хабаргузории шабакаи «Алҷазира»  мақомоти қудратиии Баҳрайн бо истифода аз тирҳои резинӣ ва гази ашковар тазоҳуротгарони ин кишварро, аз майдони «Марворид» пароканда намудаанд.

Бино ба гуфтаи «vesti.ru» ин нирӯҳо баъди дур сохтани мардум аз майдон тамоми хаймаҳои мавҷударо оташ заданд ва дар ҷараёни ин амалиёт, ду тан аз тазоҳуркунандагон ва се корманди полиси Баҳрайн кушта ва чанде дигар захмҳои гуногун бардоштаанд. Ҳукумати ин кишвар дар маҳаллаҳои атрофи ин майдон, рафту омад ва ҷамъ гаштани мардумро аз соати чаҳори бегоҳ то соати чаҳори субҳ манъ намудааст. Як манбаи хабарасони баҳрайнӣ хабар додааст, ки Ҳасан Мушимаъ, яке аз руҳониёни шиъа ва раҳбари ҷунбиши «Ҳақи Баҳрайн», бо панҷ нафари дигар "ки ҳамагӣ аз раҳбарони инқилоби Баҳрайн" ҳастанд, рӯзи 17 март  аз мақомои ин кишвар боздошт шудаанд.

Инчунин хабарҳое ҳам аз дастгирии ду рӯҳонии дигар, паҳн гаштааст. Як рӯз пеш аз ин амалиёт, Ҳамд бини Исо Оли Халифа, шоҳи Баҳрайн, фармоне дар бораи вазъияти фавқулода дар муддати се моҳ дар ин кишвар содир намуда буд. Гуфтан ба маврид аcт, ки тайи як моҳи ахир  гурӯҳе аз мухолифини ин кишвар, ба майдонҳо баромада, аз шоҳигарии Баҳрайн талаби ислоҳот дар сохтори ҳукумат ва тағйири низоми шоҳигариро намудаанд. Бино ба гуфтаи коршиносон аксари мухолифинро намояндагони аҳли ташайюъи ин кишвар ташкил медиҳанд.

Ба қавли расонаҳои мухолифони давлат дар ин амалиёт қушунҳои Арабистони Саъудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Араб, ки барои  кӯмак, вориди Баҳрайн шуда буданд иштирок доштаанд. Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии Ирон, ин амали нирӯҳои Арабистон ва Аморот ба Баҳрайнро сахт маҳкум карда ва ҳушдор додааст, ки агар кишварҳои минтақа ба ислоҳот даст назананд сарнавиште талхе дар пеш хоҳанд дошт.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97