Шурӯъ аз рӯзи 11 то 13 марти соли ҷорӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба «дзюдо» байни наврасони то синни 14 ва16 сола, дар қасри варзишии ноҳияи Ҳисор баргузор гардид. Дар ин мусобиқа варзишгарони наврас аз тамоми манотиқи кишвар ширкат доштанд.
Сухангӯи Кумитаи ҷавонон ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассиси пешбари бахши иттилоотию таҳлилии кумита Нурова М. ба мо чунин хабар дод, ки «дар мусобиқаи ҷумҳуриявии оид ба гуштии тарзи «Дзюдо», ки дар тӯли се рӯз идома дошт, нафарони зерин: Иронов Бузургмеҳр – Душанбе дар вазни 46 килограм, Баротов Муҳаммад – Хатлон дар вазни 50 килограм, Маҳмадназаров Амид - ВМКБ вазни 55 килограм, Ҳалимов Баҳодур – Душанбе вазни 60 килограм, Расулов Саидмухтор – Душанбе вазни 66 килограм, Фирдавси Шамсиддин – Хатлон вазни 73 килограм, Манучеҳри Салим вазни 81 килограм, Наимов Барот – Душанбе вазни 90 килограм ва Шарифов Аминҷон - Хатлон 2, дар вазни беш аз 90 килограм ҷойҳои аввалро соҳиб гаштанд», қувваозмоӣ намуданд.
Инчунин ин манбаъ хабар дод, ки рӯзи 23 марти соли равон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба аспдавонӣ ва пойгаи равон бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯз ва 20 - солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар «Наврӯзгоҳ» - и шаҳри Душанбе доир мегардад.