Сомониҳои тақаллубӣ дар гардиш

Хабари хуб 19.03.2011 11:09

Taqalubi_somoniБонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аз вуҷуди пули тақаллубӣ дар муомилот ҳушдор додааст.

Тибқи иттилои Бонки миллӣ, ҳолати дар муомила қарор доштани панҷ, панҷоҳ ва садсомонаҳои тақаллубӣ ошкор шудааст.

Дар сурати ошкор шудани чунин намунаҳои тақаллубӣ БМТ аз сокинон даъват кардааст, ки онҳо ба ниҳодҳои интизомӣ муроҷиат кунанд.

Сухангӯйи БМТ, Абдуғаффор Қурбонов, гуфтааст, ки чанд мавриди дар муомила қарор гирифтани намунаҳои тақаллубӣ ошкор шуда ва бозрасон машғули таҳқиқи ин ҳодисаҳо ҳастанд ва дар гардиш қарор доштани пули тақалубӣ метавонад, ба иқтисоди кишвар хисороти ҷиддие ворид созад, зеро метавонад қурби онро пойин барад.

Ӯ гуфтааст, ки натиҷаи таҳқиқи пешинаи ин қазия ошкор кардааст, ки пулҳои тақалубӣ дар принтерҳо нашр шудаанд ва бо таваҷҷӯҳи бодиққат фарқияти онҳо бо пулҳои ҳақиқиро дидан мумкин аст.

Ба ин далел, БМТ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки ҳангоми истифода аз пули сомонӣ бо диққат бошанд.

 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97