Amnesty International аз Ҷӯраев Ҳимоят мекунад

Хабари хуб 23.03.2011 19:05

Amnist_internationalAmnesty International ё Созмони Афви Байналмилал аз эҳтимоли истирдоди Низомхон Ҷӯраев аз Маскав ба Душанбе изҳори нигаронӣ кардааст.

Дар як баёнияи ин созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар гуфта шудааст, бо вуҷуди он ки Низомхон Ҷӯраев аз мақомоти Маскав паноҳандагӣ хоста, аммо ҳамоно масъалаи истирдоди ӯ ба Тоҷикистон матраҳ аст.

Мақомот Низомхон Ҷӯраев, раҳбари пешини корхонаи кимиёии ноҳияи Исфараро ба иттиҳоми дуздии маблағҳои давлатӣ, ташкили гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ, сарпечӣ аз пардохти андоз ва қатли афрод муттаҳам медонад.

Дар соли гузашта Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасии парвандаи маъруф ба "исфарагиҳо"-ро ба поён расонида буд, ки яке аз афроди мазнун дар ин қазия Низомхон Ҷӯраев дониста мешуд. Вале натиҷаи ин муҳокима боис ба бурузи ихтилоф миёни ниҳодҳои тафтишотии Тоҷикистон шуд.

Аммо Русия тақозои давлати Тоҷикистон дар мавриди истирдоди бархе аз шаҳрвандонаш аз ин кишварро на ҳамеша қабул кардааст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97