"Барқи тоҷик" аз мардум узр пурсид

Хабари хуб 23.03.2011 18:38

Barqi_Tojik_0124Ширкати "Барқи тоҷик" барои он ки натавонистааст дар Наврӯз мардумро бо барқ таъмин бикунад, узр хост. Дафтари матбуоти ин ширкат дар як баёния навиштааст, ки Барқи тоҷик изҳори таассуф мекунад, ки вобаста ба носозгориҳои табиат дар ин рӯзҳои ид имкони ба таври комил бо барқ таъмин намудани кишварро наёфт.

Дар ин нома ҳамчунин гуфта шудааст, ки "сар аз моҳи март дар кишвар ҳарорати  ҳаво якбора паст ва бойис ба халали ҷиддӣ ворид гардидан ба таъминоти мӯътадили барқ шуд. Дар ҳамин рӯзҳо маҷрои дарёи Вахш 150-160 метри мукаабро дар як сония ташкил медиҳад, ки ин аз ҳамин давраи соли гузашта дувуним баробар ва аз ҳисоби миёнаи бисёрсола ду баробар кам аст."

Одинамаҳмад Чоршанбиев, як масъули ширкати "Барқи тоҷик" гуфтааст, ки шурӯъ аз 20-уми март, яъне дар остонаи иди Наврӯз лимити интиқоли неруи барқ ба аҳолии кишвар оғоз шудааст. Вай низ ин амрро ба сабаби ба маротиб кам шудани мизони об дар рӯдхонаи Вахш унвон карда афзудааст, ки ҷоришавии об дар рӯдхонаи Вахш то ба 63-70 метри мукааб дар як сония расидааст, ки дар муддати аз соли 1932 то ин вақт инро муқоиса кунем, 3,5 маротиба камтар аст.

Масъулони ширкати "Барқи тоҷик" мегӯянд, иншоотҳои ҳаётан муҳим дар кишвар бо нерӯи барқ ба таври комил таъмин буда, аммо барои сокинони минтақаҳо дар шабонарӯз танҳо ду соат нерӯи барқ дода мешавад. Ин дар ҳолест, ки дар фасли тирамоҳ ва зимистон аҳолии Тоҷикистон нисбат ба солҳои пеш дар шабонарӯз ҳудуди 10 то 12 соат бо нерӯи барқ таъмин шуда буданд ва як моҳе қабл маҳдудияти рӯзонаи интиқоли неруи барқ аз байн бардошта шуд. Аммо ҳамакнун ҷорӣ шудани реҷаи махсуси интиқоли неруи барқ ба аҳолӣ дар остонаи ҷашни Наврӯз нигарониҳои сокинонро ба бор овардааст.

Дар зимн, маҳдудияти нерӯи барқ дар беш аз даҳсолаи ахир дар фасли тирамоҳ ва зимистон ба иллати камбуди нерӯи барқ дар Тоҷикистон сурат мегирад, зеро бар асоси иттилои мутахассисони бахши энержии Тоҷикистон мизони камбуди нерӯи барқ дар фасли тирамоҳ ва зимистон беш аз 3 миллиард киловат соатро ташкил медиҳад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97