Толибшоҳ Саидзода: «Омодаам номзад шавам»

Хабари хуб 16.03.2011 00:44

Tolibshohi_Saidzoda_0545Толишоҳ Саидзода мегӯяд, тасмим гирифтаааст, ки дар интихоботи вакили Маҷлиси намояндагон, ки қарор аст рӯзи 15 уми майи соли равон дар ҳавзаи Синои шаҳри Душанбе доир шавад, ба унвони номзади мустақил ширкат кунад.

 Ӯ мегӯяд, бо шиори «Иззат, ислоҳот, умед» вориди корзори интихоботӣ хоҳад шуд. Толибшоҳи Саидзода ба пуштибонии қишри  таҳсилкарда, фарҳангӣ ва нухбагони сиёсӣ умедвор аст.

Ба гуфтаи ӯ дар ҳоли ҳозир бо чанд ҳизби сиёсӣ дар мавриди ин интихобот гуфтушунид кардааст ва имкон дорад бархе аз ҳизбҳо аз номзадии ӯ пуштибонӣ кунанд. То кунун ду ҳизб мувоифқа кардааст, ки аз номзадии ӯ пуштибонӣ кунанд.

 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97