Толибшоҳи Сайидзода, журналисти соҳибном, муҳаррири нашрияи «Миллат» 11 март, дар Рӯзи матбуоти тоҷик соҳиби Ҷойизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи устод Абулқосими Лоҳутӣ гардид.
Ин Ҷойизаи олӣ ба журналисти шинохта дар маросими ботантанаи таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик, ки дар толори Театри академӣ- драмавии ба номи устод Лоҳутӣ баргузор гардид, аз ҷониби раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов ба ӯ тақдим шуд. Толибшоҳи Сайидзода барои матолиби хубу хондании тайи як соли ахир дар нашрияи «Миллат» нашр намудааш, аз қабили «Сели Кӯлоб ва бунёди Роғун», «Шоҳону вазирони матбуоти тоҷик», «Ҳаққи пирӯзӣ аз Шумо, ҳаққи мо куҷост?», «Сӯҳроб таҷассуми хислати Ҳошим Гадост» ва мусоҳибаи ихтисосӣ бо шоири тоҷик устод Бозор Собир ба дарёфти Ҷойизаи ба номи устод Лоҳутӣ мушарраф шудааст. Аҳли «Миллат» ҳампешаи гиромии хеш Толибшоҳи Сайидзодаро ба дарёфти ин Ҷойизаи олӣ сидқан таҳният гуфта, барояш тансиҳатӣ, рӯзгори обод ва дастовардҳои нави эҷодиро таманно доранд.
PS: Ҳамчунин бояд зикр намуд, ки рӯзи 11 март раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров як идда рӯзноманигорони шинохтаи кишварро ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ба сӯҳбати хосса даъват намуда, бо Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагон қадрдонӣ карданд. Хамкори гиромии мо, журналисти шуҳратёр Толибшоҳи Сайидзода низ дар радифи рӯзноманигорони шинохтае чун Умари Шерхон, Тиллои Некқадам, Абдуқаюми Қаюмзод, Аҳлиддини Тоҳир, Хуршеди Атовулло, Маъруфи Бобораҷаб, Мардони Муҳаммад ва Зарина Абдуназарова ба дарёфти Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагон, ки чанд рӯз қабл таъсис ёфта ва он нахуст ба Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон тақдим шуда буд, шарафёб гардид.
«МИЛЛАТ»