Бо фармони вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал- полковник Шералӣ Хайруллоев, таҳти рақами 103, аз 11 марти соли 2011 ба ифтихори 15- умин соли таъсисёбии Нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон барои саҳми арзишманд дар таҳкими пояҳои мудофиавии кишвар, баррасӣ ва бозгӯ намудани мушкилоти соҳаи низомӣ, рушди иқтидори ҳарбии Ватан сардабири нашрияи «Миллат» Адолати Мирзо бо медал- нишони 15- солагии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон қадрдонӣ шуд. Ҳайати эҷодии рӯзномаи «Миллат» саркор, муассис ва сардабири мӯҳтарами нашрия бону Адолати Мирзоро бо ин мукофот самимона таҳният гуфта, барояш хонаободӣ, сиҳатӣ ва сарбаландӣ таманно доранд. Медал муборак Сардабир!
«МИЛЛАТ»