Абзорҳои интернетии таҳлил ва пажӯҳиши бозор дастрас мегарданд

Хабари хуб 17.03.2011 15:10

AbdulhahaНамояндагони иттиҳодияҳои тиҷоратӣ, донишгоҳҳо, корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, ширкатҳои ироагари хадамоти машваратӣ ва ҳамчунин, вазорату ниҳодҳои давлатии масъули таҳияву пешбурди сиёсат ва гуфтушунидҳои тиҷоратӣ тӯли ду рӯз, рӯзҳои 15 ва 16-уми март, дар як давраи омӯзишӣ бо абзорҳои Маркази байнулмилалии тиҷорат барои таҳлил ва пажӯҳиши бозор шинос хоҳанд шуд.

Давраи омӯзишии мазкур дар чаҳорчӯбаи барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» баргузор мегардад. Барномаи мазкурро Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ менамояд ва он аз ҷониби Маркази байнулмилалии тиҷорат амалӣ мешавад.

 Ба қавли ҷаноби Саидмӯъмин Камолов, раҳбари миллии барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон», ироаи маълумот ба кишварҳо ва ширкатҳо ҷиҳати пешбурди тиҷораташон дар бозорҳои беруна яке аз самтҳои асосии фаъолияти МБТ мебошад. МБТ дар торнамои расмии худ иттилооти гуногуни тиҷоратиро гирд оварда, ин маълумотро пайваста нав мекунад.

 Омӯзгори давраи омӯзишии мазкур ҷаноби Грэгорӣ Симпсон, коршиноси МБТ дар соҳаи таҳлил ва пажӯҳиши бозорҳо мебошад. Бино бар гуфтаи ҷаноби Симпсон, иштирокдорони давраи  омӯзишӣ бо абзорҳои зерини таҳлил ва пажӯҳиши бозор ошно хоҳанд шуд: Trade Map (харитаи тиҷоратӣ), Market Access Map (харитаи дастрасӣ ба бозор) ва Investment Map (харитаи сармоягузорӣ).

  • *Харитаи тиҷоратӣ дари бузургтарин маъхази иттилооти тиҷоратӣ дар ҷаҳонро ба рӯи истифодабаранда боз мекунад. Ин иттилоот, аз ҷумла, нишондодҳои содирот, талаботи ҷаҳонӣ, бозорҳои алтернативӣ ва нақши рақибонро бо назардошти дурнамои ҳам маҳсулот ва ҳам кишвар дар бар мегирад.
  • *Харитаи дастрасӣ ба бозор таърифаҳои гумрукӣ ва дигар нишондиҳандаҳои 185 кишварро, ки аз 239 давлат ва минтақаҳои ҷуғрофӣ маҳсулот ворид мекунанд, дар бар мегирад.
  • *Харитаи сармоягузорӣ аз омор оид ба сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ, тиҷорати байнулмилалӣ, маъхази иттилоот оид ба таърифаҳо ва ширкатҳои ҷаҳонӣ иборат аст.

Ҷаноби Симпсон бо такя ба таҷрибаи чандинсолаи худ дар таҳлили бозорҳо мегӯяд, абзорҳои мазкур ба мутахассисони тиҷорат имкон медиҳад, то раванду тамоюлоти мавҷудаи содироти ягон навъи маҳсулот ва ё ягон кишвареро таҳлилу баррасӣ намуда, бозорҳои ҷолибро муайян созанд, соҳаи тиҷорати кишвар ва имконоти гуногунсозии содирот ва ё воридоташро мавриди омӯзиш қарор дода, шароити дастрасӣ ба бозорҳо ва шартҳои гуфтушунидҳоро муайян созанд ва ҳамчунин сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ба кишварҳоро таҳлил карда, сармоягузорони эҳтимолиро низ муайян намоянд.

Интизор меравад, ширкатдорони давраи омӯзишӣ иттилоот ва дониши андӯхтаашонро барои мусоидат ба лоиҳаҳои ҷалби сармоягузориҳо ва ёрӣ ба муштариёну намояндагони созмонҳои вориди тиҷорати байнулмилалӣ равона кунанд.

 Ҳадафи умумии Барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» дастгирӣ намудани рушди устувор ва гуногунсози (диверсификатсия)-и содироти корхонаҳои Тоҷикистон тавассути боло бурдани рақобатпазирии маҳсулоти саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар кишвар ва беҳтар кардани зерсохтори идораи сифат мебошад. Ин тарҳ аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария тавассути Идораи давлатии он кишвар дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад.

                                                                                                             Абдулфаттоҳ Шафиев
©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97