Президенти собиқи Исроил зиндонӣ шуд

Хабари хуб 23.03.2011 10:26

KatsaevДодгоҳи Исроил Моше Катсав, президенти собиқи ин кишварро бо ҷурми таҷовуз ба номус ба муддати ҳафт сол аз озодӣ маҳрум кард. Дар аснои ироаи ҳукм Катсав бо ашк дар чашмонаш фиғон зад, ки ин ҳукм "пирӯзии дурӯғ" аст.


Вакили мудофеи Катсав иброз доштааст, ки ҳукми додгоҳ барояш ғайриинтизор будааст. Моҳи декабри соли гузашта додгоҳ изҳор намуда буд, ки Катсав дар соли 1998 аснои раҳбарии вазорати саёҳати Исроил ду дафъа ба номуси як зани ходими ҳамин вазорат таҷовуз кардааст.
Ҳамчунин ба қавли додгоҳ дар давраи президентиаш миёни солҳои 2000- 2007 Катсав ду зани корманди дастгоҳи хешро мавриди азияти ҷинсӣ қарор дода буд.
Катсави 65 сола аз ибтидо айбномаҳоро рад мекард, вале маҷбур шуд, ки пеш аз мӯҳлат ба истеъфо равад. Қазияи Катсав ҳамроҳ бо иттиҳоми фасод сабаби асосии барканоршавии ҳукумати зери раҳбарии сарвазир Эҳуд Олмерт низ номида мешавад.
Беянмин Натаняҳу, нахуствазири Исроил ҳукми Катсавро аз як тараф мояи тассуф ва аз сӯи дигар мояи ифтихор номида гуфтааст, ки барои давлати Исроил ин як рӯзи хос аст. Аз як тараф, ин рӯзи шарму андӯҳ аст ва аз сӯи дигар, ин рӯзи ифтихор аст. Ифтихор аз низоми адлияи Исроил. Додгоҳ қарори муҳимро бар пояи асли одӣ қабул кард, ки он ҳам баробарии ҳам дар назди қонун аст. Касе аз қонун боло буда наметавонад.
Ҳукми додгоҳи Исроил ба баҳсҳои панҷсолаи нерӯҳои мухталифи сиёсӣ ва сарнавишти як сиёсатмадори муваффақи исроилӣ хотима мегузорад.

Катсав, ки дар Ирон ба дунё омада, сипас ба Исроил муҳоҷир шудааст, доимо ҳамчун намунаи комёбӣ зикр мешуд. Ӯдар синни 24 солагӣ ба мансаби ҳокими шаҳр расида, дар ҳизби муҳофизакори Ликуд чандин вазифаи масъулро бар дӯш доштааст.
Ӯ аввалин яҳудие буд, ки дар Ховари миёна таваллуд шуда, ба курсии президенти Исроил нишаст. То Кастав фақат яҳудиҳои аврупоӣ президенти Исроил интихоб шуда буданд.
Ҳомиёни ҳуқуқи занон аз ҳукми додгоҳ қаноатманд мебошанд. Мириам Шлер, раиси маркази бӯҳронии қурбониҳои таҷовуз ба номус гуфтааст, ки ин як паёми хеле муҳим аст, ки тамоми қурбониҳои ин гуна ҷиноёт зери ҳимояти низоми адлия қарор доранд ва нерӯе ҳаст, ки аз онҳо дифоъ кунад. Ҳатто агар онҳо мавриди ҳамлаи фарде нерӯманде ба монанди президенти кишвар қарор гиранд.
Додгоҳ ба Катсав амр додааст, ки рӯзи 8 май дар зиндон ҳозир шавад, то битавонад бозбинии ҳукми додгоҳро тақозо кунад.

Бар илова Катсав бояд ба қурбониҳои ҳамлаҳояш ба яке муодили 25 ҳазор ва ба дигаре муодили ҳафт ҳазор доллари амрикоӣ ҷубронпулӣ бипардозад.

 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97