Имрӯз, 16 март Маҷлиси намояндагон ҷаласаи дуюми даъвати чорумро бо дақиқаи хомӯшӣ ба хотири фавтидагони заминларзаи фоҷеабори Ҷопон шурӯъ кард.
Вакилон даъвати Шукурчон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагонро барои ирсоли номаи ҳамдардӣ ба Парлумони кишвари Ҷопон дастгирӣ намуданд.
«Дар давоми 20 соли истиқлолият мо бо кишвари Ҷопон муносибатҳои хуби дипломатӣ ва ҳамкориҳои ҳам сиёсӣ ва ҳам иҷтимоӣ доштем ва дорем,- гуфт Шукурҷон Зуҳуров. - Дар солҳои барои Тоҷикистон вазнин ҳукумати Ҷопон хеле кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми мо расонида буд. Мардуми Ҷопон ҳатто дар истиқрори сулҳи тоҷикон саҳм доранд ва як шаҳрванди Ҷопон, ки бо кори дипломатӣ дар ин ҷо хидмату кӯмак мекард, қурбон шуда буд. Ва инро ҳеҷ гоҳ мардуми Тоҷикистон фаромӯш намекунанд. Аз ин рӯ аз номи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми Ҷопон ҳамдардӣ ва таслият изҳор карда шавад ва ба хотири ҳазорон мардуме, ки дар ин фоҷеа ба ҳалокат расидаанд, як дақиқа хомӯшӣ эълон карда мешавад».
Бино ба хабаргузориҳо алаккай беш аз 3 ҳазору 500 нафар бар асари ин заминларзаи шадиду бесобиқа рӯзи ҷумъаи 11 март дар шимолу шарқи Ҷопон ҷони худро аз даст додаанд.
Беш аз 2000 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардошта ва 7500 нафар беному нишон шуморида мешаванд.