Роҳнамои корхонаҳои содиротии Тоҷикистон дубора таҳия ва таҷдид гардид ва ҳамакнун он бо забонҳои англисӣ ва русӣ дар торнамои расмӣ (www.exportdir.tj) ва дар CD дастрас аст. Нашри аввали Роҳнамои мазкур дар соли 2007 омода гардида буд ва дар таҳияи нави он шумори корхонаву ширкатҳо аз 78 то ба 107 расидааст.
Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай қатли дастикам 16 нафари мулкӣ аз сӯи як сарбози амрикоӣ дар вилояти Қандаҳорро ҳамчун “куштори барқасдона” маҳкум кард ва аз паймони НАТО ташреҳ хост.