Роҳнамои корхонаҳои содиротии Тоҷикистон дубора таҳия ва таҷдид гардид ва ҳамакнун он бо забонҳои англисӣ ва русӣ дар торнамои расмӣ (www.exportdir.tj) ва дар CD дастрас аст. Нашри аввали Роҳнамои мазкур дар соли 2007 омода гардида буд ва дар таҳияи нави он шумори корхонаву ширкатҳо аз 78 то ба 107 расидааст.
Дар пешгуфтори ба ин Роҳнамо навиштаи Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки ин кишвар дорои имконот, сарватҳои табиӣ, иқтидори бузурги обиву энержӣ ва нерӯи корӣ мебошад ва ин ҳама дороӣ дар тавлиди маҳсулоти рақобатпазир ва ҳамгироии иқтисоди кишвар бо иқтисоди ҷаҳонӣ нақши муҳиме мебозад. Ҷаноби вазир дар пешгуфтори худ гуфтааст, ин феҳраст як навъ даъват ба ҳамкорӣ аз ҷониби Тоҷикистон аст: “Он ки Роҳнамо барои бори дуввум таҷдид ва тақдим гардидааст, гувоҳи муваффақияти нашри нахустини он мебошад. Ин Роҳнамо ҳамчун як даъватномаи Тоҷикистон барои ҳамкориҳост. Даъватнома барои ҳамаи онҳое, ки имкониятҳои нав меҷӯянд ва дар талоши роҳандозии ғояҳои нав мебошанд. Роҳнамои мазкур ҳамчунин имкон медиҳад, то ширкатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон шарики навитиҷоратии худро пайдо намоянд”.
Роҳнамои корхонаҳои содиротӣ ҳам аз рӯи тартиби алифбо, ҳам аз рӯи тартиби соҳа, ё самтҳои фаъолият ва ҳам тибқи анвоъи маҳсулоти корхонаҳо мураттаб гардидааст. Дар ин маврид 273 корхона таҳқиқ гардидаанд ва дар ниҳоят, дар маҷмӯъ, 107 корхона шомили Роҳнамо шуданд. Профессор Азизулло Авезов, роҳбари ширкати таҳиягари Роҳнамо мавсум ба «Бизнес Консалтинг Груп» мегӯяд, корхонаҳое, ки вориди Роҳнамо гардидаанд, дар асоси дастовардҳояшон дар самти содироти маҳсулот ба кишварҳои хориҷӣ ва имконоту иқтидори содиротияшон интихоб шудаанд. Ӯ мегӯяд “ин корхонаҳо вобаста ба навъи истеҳсолоташон ба 11 соҳа ё бахши бузург гурӯҳбандӣ гардида, дар бораи ҳар яке аз онҳо иттилоъи лозимӣ дода шуда аст. Феҳристи роҳнамо инчунин иттилооти вижаеро дар бораи Тоҷикистон ва соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ дар бар мегирад”.
Роҳнамои корхонаҳои содиротии Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Маркази байналмилалии тиҷорат (МБТ) амалӣ мешавад ва бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария-СЕКО таҳия гардидааст. Саидмӯъмин Камолов, раҳбари дафтари Маркази байналмилалии тиҷорат дар Тоҷикистон, мегӯяд, ҳадаф аз таҳияи ин Роҳнамо “боло бурдани сатҳи шиносоии доираҳои тиҷоратии байналмилалӣ ва сармоягузорони хориҷӣ дар мавриди тавоноӣ ва имконоти содиротии корхонаҳои Тоҷикистон мебошад. Ин Роҳнамо, ба ибораи дигар муаррифиномаи корхонаҳои содиротии Тоҷикистон ва имконоти кишвар дар самти содирот аст. Он василаи хубе барои ҷалби бештари сармоягузорони хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон мебошад”.
Интизор меравад, дар наздиктарин фурсат Роҳнамои мазкур бо маблағгузории намояндагии тоҷикистонии GIZ дар шакли китоб низ нашр бигардад.
Ҳадафи умумии Барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» дастгирӣ намудани рушди устувор ва гуногунсози (диверсификатсия)-и содироти корхонаҳои Тоҷикистон тавассути боло бурдани рақобатпазирии маҳсулоти саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар кишвар ва беҳтар кардани зерсохтори идораи сифат мебошад. Ин тарҳ аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария тавассути Идораи давлатии он кишвар дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад.