16 афғони мулкӣ аз дасти як сарбози амрикоӣ кушта шуд

Хабари хуб 12.03.2012 10:18

Sarbozi_khunrezzzРаисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай қатли дастикам 16 нафари мулкӣ аз сӯи як сарбози амрикоӣ дар вилояти Қандаҳорро ҳамчун “куштори барқасдона” маҳкум кард ва аз паймони НАТО ташреҳ хост.

Бино ба хабарҳо, як сержанти амрикоӣ шаби шанбе ба якшанбеи 10 ба 11 март аз пойгоҳаш берун рафта, ба чанд манзил дар рустои Аликозайи вулусволии Панҷвоӣ ҳамла кардааст. Вазорати умури дохилаи Афғонистон низ гуфтааст, ки аз ин қазия сахт таккон хӯрда ва андӯҳгин шудааст. Сухангӯи ин вазорат Сиддиқ Сиддиқӣ гуфт, ки онҳо ба таҳқиқи мӯшикофонаи қазия исрор меварзанд. НАТО гуфт, ин сарбоз дастгир шудааст. Сафорати Амрико низ ваъда супурд, ки ӯ ба масъулият кашонда хоҳад шуд. Далели иқдоми сарбоз ба ин ҳамлаи хунин рӯшан нест.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97