«МегаФон» дафтари ҳушмандӣ ифтитоҳ кард

Хабари хуб 16.03.2012 19:25

Daftari_navi_Megafon_0116 марти соли равон ширкати «МегаФон» дар шаҳри Душанбе дафтари хидматрасонии навро барои муштариёни ширкатҳои бузург ифтитоҳ кард.

То ба имрӯз муштариёни ширкатҳои бузурги «МегаФон» дар Тоҷикистон муассисаҳои пешбари кишвар маҳсуб мешаванд, ки аз қабили «Газпром», «Талко», ширкатҳои ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр», муассисаҳои байналмилалӣ, бонкҳо, сафоратхонаи Шоҳигарии Бритониёи Кабир, Русия, Ҷопон, ИМА, Олмон ва ғайра мебошанд.

Daftari_navi_Mega_02_Semenov«Ҳадафи мо ба муштариён хидматрасонии мусоид ва муҷаҳҳаз бо техноложии боло таъмин кардан мебошад. Дафтари ҷадид дар яке аз нукоти дастраси маркази савдои шаҳр дар шафати якуми дараҷаи олӣ қарор дорад. Он бо таҷҳизоти мудерн муҷаҳҳаз гардонида шудааст», - гуфт дар кушодашавии ин дафтар иҷрокунандаи директори «МегаФон» дар Тоҷикистон ҷаноби Алексей Семёнов.   

Дафтари нав ба ду табақа қисмат мешавад: табақаи машваратӣ, фурӯш ва VIP - минтақаи хидматрасонӣ. Бахши хидматрасонӣ, фурӯш афзоиши суръати хидматрасонии муштариёнро иҷоза медиҳад. Дар толори конфронсӣ - муҷаҳҳаз бо техноложии мудерни сухангӯӣ, суръати баланди интернет, ки коргарон ва муштариён метавонанд вохӯриҳои тамдид шуда, видео - конфренсияю музокирот гузаронанд. Ҳамчунин муштариёнро тарроҳии толор ва фазои он хушҳол мекунад. Дафтар сирф аз масолеҳи тозаи эколожӣ ва аз стандарт гузашта бозсозӣ шудааст.

Нахустин муштарии ширкатҳои бузурги дафтари ҷадид Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ мебошад. Дар маросими расмӣ ба раҳбари кумита, Асадулло Раҳмонов на танҳо дипломи фахрӣ, балки бо қурси мудерн низ қадр карда шуд.
©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97