Ҷаласаи бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе идома дорад.
Иштироки раисиҷумҳур дар ин ҷаласа дар пайи даъвати расонаҳо ва Вазорати фарҳанги кишвар сурат гирифтааст. Созмонҳои рӯзноманигорӣ бо даъвати раисҷумҳур бовар доштанд, ки ӯ ба назди аҳли матбуот бо "дасти холӣ" нахоҳад омад.
Бархе аз нашрияҳо қаблан навишта буданд, ки сӯҳбати озоди хабарнигорон бо раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар назар аст. Вале ҳоло рӯшан нест, ки як чунин гуфтугӯи бози хабарнигорон бо Эмомалӣ Раҳмон сурат хоҳад гирифт, ё не.
Дар Тоҷикистон пас аз даврони истиқлолият 11-уми март ҳамчун рӯзи матбуоти миллӣ ҷашн мешавад. Соли 1912 дар ин рӯз аввалин нашрияи тоҷикии "Бухорои шариф" дар Бухоро ба нашр расид, ки моҳи январи соли 1913 бо фармони Амир Олимхон баста шуд.
Аммо ин мулоқоти раисиҷумҳури кишвар бо хабарнигорон дар ҳоле баргузор мешавад, ки расонаҳо аз андози зиёд ва созмонҳои хабарнигорӣ аз фишору маҳдудиятҳо дар кори рӯзноманигорон шикоят доранд.
«Озодӣ»