Пешнависи нави қонуни андоз таҳия мешавад

Хабари хуб 06.03.2012 09:21

Бино ба тасмими ҳукумати Тоҷикистон, то 1 апрели соли ҷорӣ дар кишвар бояд пешнависи нави қонуни андоз таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод шавад.

Рустам Ҷабборов-муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон ба рӯзноманигорон хабар додааст, ки баъд аз тасвиби қонуни нав навъҳои пардохти андоз аз 21 ба 11 адад мерасад. Таҳиякунандагони ин қонун мегӯянд, ки дар ҷараёни таҳияи қонун ба пешниҳодҳои созмонҳо, ширкатҳо ва шахсони алоҳида эътибор хоҳанд дод.

«Озодӣ»

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97