Фейсбук дар Тоҷикистон баста шуд

Хабари хуб 03.03.2012 16:06

FacebOOkkkДар Тоҷикистон сар аз субҳи шанбе иддае аз ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет дастрасӣ ба бархе аз сомонаҳоро маҳдуд кардаанд.

Дар миёни ин сомонаҳо, шабакаи маъруфи иҷтимоии Фейсбук низ ҳаст. "Азия Плюс" бо такя ба манобеи худ дар яке аз ширкатҳои дастраскунандаи интернетӣ менависад, ахиран онҳо аз Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон дастур дарёфт карданд, ки «дар робита ба ҳолати ба амаломада», дастрасӣ ба бархе аз сомонаҳоро масдуд кунанд.
Ба гуфтаи ин манбаъ, ба ин ширкатҳо рӯйхати гуногуни сомонаҳое, ки бояд масдуд шаванд, пешниҳод шудааст, ки дар миёни онҳо торнамоҳои Facebook.com, Zvezda.ru, Tjknews.com. низ шомил мебошанд. Дар ҳоли ҳозир шабакаи Фейсбукро на ҳамаи ширкатҳои дастраскунандаи интернетӣ дар Тоҷикистон масдуд кардаанд.
Дастрасӣ ба сомонаи Zvezda.ru, ки ахиран дар он матлабе дар бораи Тоҷикистон нашр шуда буд, аз ҷониби аксари ширкатҳои дастраскунандаи интернетӣ масдуд гардидааст.
Ёддовар мешавем, қаблан низ дар қаламрави Тоҷикистон сомонаҳои «Фергана.ру» ва «Центразия.ру» масдуд шуда буданд.
Дар се рӯзи ахир дастрасӣ ба торнамои Радиои Озодӣ низ ба мушкил рӯбарӯ шуда ва теъдоди корбарони он ба иллати номаълум коҳиш ёфтааст.

«Озодӣ»

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97