Омодагии нави раҳпаймоёни интихоботи Русия

Хабари хуб 10.03.2012 14:43

Tazohuroti_RusiyaДар Маскав ҳузури пулис башиддат тақвият дода шудааст. Нирӯҳои пулис ба раҳпаймоии навбатии мухолифин алайҳи натоиҷи интихоботи 4 март, ки Владимир Путинро ба даври севуми раёсат расонд, омодагӣ мегиранд.

Мақомот ба ҳузури то 50 000 нафар дар ин раҳпаймоӣ иҷозат додаанд.  Пулис дар атрофи Новий Арбат- маҳалли баргузории тазоҳурот – саддҳо ва детекторҳо гузоштааст. Пулис қаблан хабар дода буд, ки барои таъмини тартибот дар ҷараёни раҳпаймоии мухолифин ҳудуди 2500 афсари пулис басиҷ хоҳанд шуд. Тазоҳуроти қаблии мухолифини Русия дар таърихи 5 март бо боздошти беш аз 200 тан аз эътирозгарон анҷом ёфта буд.

«Озодӣ»

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97