"Мегафон" иртиботи қобили эътимод барои ҳама!

Хабари хуб 07.03.2012 10:34

Megafon_Va_facebookchiyonАллакай беш аз 6 000 сокини 17 шаҳру навоҳии Тоҷикистон дар Рӯзҳои "Мегафон" -  дар маросимҳои ҷашние, ки оператор дар маҳаллаҳои аҳолинишин, дар он мавзеъҳое, ки марказҳои фурӯш ва хидматрасонӣ мавҷуданд, баргузор кардааст, ширкат варзиданд.

То охири моҳифеврали соли ҷорӣ технологияи нав ва хидматрасониҳои муносиби иртиботи мобилии "Мегафон" барои сокинони Қайроқум дастрас шуд.

Фазлиддин Орифов, раиси Ҳукумати шаҳри Қайроқум бо тантана Дафтари намояндагии нави фурӯш ва хидматрасонии ширкати "Мегафон"-ро боз намуд. Ӯ зимни суханронӣ дар ифтитоҳи ин Дафтари намояндагӣ гуфт: "Қайроқум - истироҳатгоҳи саёҳии машҳур аст. Барои истироҳат дар соҳили Баҳри тоҷик ва барои тансиҳатӣ аз ҳар гӯшаю канори кишвар мардумони зиёде ташриф меоваранд. Бо таъсис ёфтани Дафтари намояндагии "Мегафон" акнун садҳо сайёҳ метавонанд, ба осонӣ ва фаврӣ аз навъҳои гуногуни хидматрасониҳои қобили эътимоди ин ширкат истифода намоянд".

Афроди хуштолеъ, ки аввалин шуда, бароҳатии салони навро баҳо доданд, аз ҷониби оператор қадрдонӣ гардиданд ва ғолибони бозиҳои бурдҳои боарзиш соҳиби телефонҳои мобилӣ ва 3G-модеми баландсуръати "Мегафон" шуданд. Бурди аз ҳама боарзиш - Нетбук насиби Носиров Валиҷони 19 - сола шуд.

"Ман муддати се сол аст, ки муштарии "Мегафон" ҳастам ва аз сифати хидматрасонии ширкат қаноатмандам - иброз намуд Валиҷон. - Як сол қабл ман 3G-модеми баландсуръат харидорӣ намудам ва алъон соҳиби Нетбук - маҷмуъаи комили фаъоли истифодабарандаи интернети қарни XXI гардидам.

Дар ҳоле ки сокинони бузургсоли Қайроқум дар ифтитоҳи бо тантанаи Маркази нави "Мегафон" ширкат меварзиданд, насли хӯрдсол сатҳи фаҳмиши телекоммуникатсионии хешро боло бурданд. Барои талабагони мактаби №1 рӯзи "Мегафон" аз дарси маълумотнокӣ ва бехатарии мобилӣ оғоз шуд. Раиси ширкат бо толибилмон дар бораи қоидаҳои этикети мобилӣ , инчунин чи гуна ҳифз намудани телефон аз дуздӣ, ё гум шудан, воситаҳои гуногуни қаллобии машҳур дар Сети ва чи гуна ҳифз намудани худ аз ҳаракати музоҳимон суҳбат намуд.

Иштирокчиёни аз ҳама фаъол соҳиби тӯҳфа аз ҷониби оператор шуданд.

 "Ниҳоят дарсҳои муҳим, кош чунин дарсҳои кушод бештар мебуданд", - изҳор доштанд бачаҳои баҳраманд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97