Шаби пас аз интихоботи Русия

Хабари хуб 05.03.2012 08:59

Putin_barandai_intikhobottШаҳрвандони Русия рӯзи якшанбе (4-уми март) барои муайян шудани раисиҷумҳури кишвари худ раъй доданд.

Хабаргузориҳо мегӯянд, ширкати мардум дар интихобот дар бисёре аз манотиқи Русия назар ба интихоботи порлумонӣ ба маротиб бештар будааст.
Наздик ба ҳазор нафар аз ихтиёриён ҷараёни раъйдиҳиро зери назар доштанд ва 9 ҳазор дурбини видео вазъу ҳоли ҳавзаҳои раъйдиҳиро аз тариқи интернет намоиш медоданд. Ҳамзамон садҳо нафар мушоҳидаҳои худ ва ҳамчунин хилофкориҳоеро, ки шоҳид шудаанд, дар блогҳо ва форумҳои интернетӣ навиштанд.
Нозирони мустақил ва ҳомиёни ҳуқуқ аз хилофкориҳое монанди рӯйхатҳои суолбарангези интихобкунандагон то дурбинҳои хомӯши видеоии назорат ва бо автобус аз як қитъа ба қитъаи дигар интиқол додани интихобкунандагон хабар додаанд. Аммо раиси Кумитаи марказии интихобот Владимир Чуров ин иттиҳомотро рад кард.
Барои дастёбӣ ба мақоми раисиҷумҳури нави Русия нахуствазир Владимир Путин, раиси Ҳизби либерал-демократ Владимир Жириновский, раиси Ҳизби коммунист Геннадий Зюганов, раиси Ҳизби "Русияи боадолат"  Сергей Миронов ва тоҷири рус Михаил Прохоров рақобат карданд. Барои назорати интихоботи раёсати ҷумҳури Русия ҳудуди 700 нозири байналмилалӣ иҷоза дарёфтаанд, аз ҷумла, нозирон аз Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ), кишварҳои узви Ҷомеаи Муштаркулманофеъ ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой. 

Комиссияи марказии интихоботии Русия мегӯяд, ки бештар аз 90 дарсади орои раъйдиҳандагон шумурда шудааст ва нахуствазир Владимир Путин бештар аз 64 дарсад раъй ба даст меорад. Геннадий Зюганов-раҳбарии куммунистҳои Русия бо 17 дарсад дар мақоми дуввум аст. Михаил Прохоров-соҳибкори сарватманд ва Владимир Жириновский-раҳбари ЛДПР 7 дарсадӣ ва Сергей Миронов-раиси Ҳизби “Справедливая Россия” камтар аз 3,67 дарсад раъй гирифтаанд.

Интихобот зери тадбирҳои шадиди амниятӣ ҷараён гирифта, зиёда аз 380 ҳазор корманди афсару пулис ба ҳифзи назм дар он сафарбар шудаанд. Тарафдорон ва мухолифони Путин нақша доранд, рӯзи 5-уми март дар майдонҳои марказии шаҳрҳо ҷамъ оянд. Эҳтимолан яке барои таҷлил аз пирӯзӣ ва дигаре барои шикоят аз тақаллуб.

«Озодӣ»


©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97