Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ваҳдат бо қабули як муроҷиатнома ба ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, ба эҳёи намози ҷумъа дар масҷиди "Муҳаммадия" зарурате боқӣ намондааст. Аъзои ин маҷлис гуфтаанд, дар ноҳияи Ваҳдат чанд масҷиди дигари ҷомеъ фаъол аст, ки метавонанд тамоми намозгузоронро фаро гирад.
Ҳамзамон бо ин масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон низ рӯзи 12-уми март Вайсиддин Қурбонов, имоми масҷиди "Муҳаммадия"-ро даъват ва хабарномаашонро таслим кардаанд, ки бино бар он масҷиди мазкур ҳамчунон ба шакли масҷиди панҷвақта фаъолият хоҳад кард.
Бино бар қарори Кумитаи дин, сар аз моҳи декабри соли 2011 фаъолияти масҷиди "Муҳаммадия", воқеъ дар ноҳияи Ваҳдат, маҳдуд шуда, баргузории намози ҷумъа дар он манъ гардид. Мақомот гуфтанд, ин маҳдудият то се моҳ идома карда ва танҳо дар сурати рафъи камбудиҳо, дубора ба унвони масҷиди ҷомеъ фаъол хоҳад шуд.
Аммо бо гузашти се моҳ Кумитаи дин ҳанӯз барои баргузории намози ҷумъа дар ин масҷид посухи мусбат надодааст. Интизор меравад то як ҳафтаи дигар қарори ин Кумита дар қиболи масҷиди "Муҳаммадия" рӯшан шавад.