Хабари хуб

"Фронти ҳалқӣ" мехоҳад иштибоҳи таърихии худро ислоҳ кунад? 17.05.2012 08:42 "Фронти ҳалқӣ" мехоҳад иштибоҳи таърихии худро ислоҳ кунад?
Гурӯҳе аз раҳбарони собиқ Фронти халқии Тоҷикистон тасмим доранд созмоне таҳти унвони "Фронти халқии бидуни силоҳ"-ро таъсис диҳанд. Қувваталӣ Муродов гуфтааст, аз ҳар номзаде дар интихоботи соли 2013 пуштибонӣ мекунад, ба ҷуз ....

Мусодираи 14 тонна меваи Тоҷикистон дар Русия 04.05.2012 19:18
Дар гузаргоҳҳои марзӣ ва қаламрави Русия 14 тонна хушкмева, растаниҳо, биринҷ ва тухмӣ маҳв карда шудааст.Дар ду ҳафтаи баъд аз эълони Хадамоти федероли назорати байторӣ ва фитосанитарии Русия (Росселхознадзор), ки интиқоли бархе аз мавод ва маҳсулотро аз Тоҷикистон манъ кард, 14 тонна маводе, ки шаҳрвандони Тоҷикистон хостанд, вориди Русия кунанд, ....
Рушди шабакаи 3G «МегаФон» 02.05.2012 22:22
Ширкати «МегаФон» ҷиҳати беҳтар намудани сифати алоқа дар шабакаҳои насли сеюм ва васеъкунии минтақаи фарогирии шабака корҳои ҳамаҷонибаро идома медиҳад. Танҳо дар тӯли як моҳи сипаришуда дар натиҷаи корҳои ба анҷом расонидашуда дар ноҳияҳои зерини вилояти Хатлон истгоҳҳои базавии навъи  3G «МегаФон» насб ва роҳандозӣ шудаанд:
Воқеияти озодии баён ва сарнавишти ВАУ-и мустақил 01.05.2012 21:23
3 майи соли 2012 дар толори маҷлисгоҳи меҳмонхонаи "Пойтахт" (собиқ меҳмонхонаи Душанбе) бо ташаббуси Шӯрои ВАУ-и Тоҷикистон ва мусоидати молии Институти Ҷомеаи боз -Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони "Озодии баён; воқеият ва сарнавишти ВАУ-и мустақил дар Тоҷикистон" доир мегардад. Маврид ....
Лавров бидуни натиҷаи сиёсӣ, вале бо 200 килло меваи хушк баргашт 30.04.2012 08:33
Вазири хориҷаи Русия, ки дар як сафари ду рӯза дар Тоҷикистон қарор дошт, пас аз дидору гуфтугӯҳо бо мақомоти тоҷик гуфт, ки Тоҷикистон ба вуҷуди пойгоҳи низомӣ ва дигар таъсисоти низомии Русия дар ин кишвар алоқаманд аст. Ба гуфтаи Сергей Лавров, ҷузъу томҳои пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон ба нируҳои ....
Самсунг аз назари тавлид Нокиаро гузашт 28.04.2012 10:17
Омори тиҷорӣ нишон медиҳад, ки ширкати кореиягии Самсунг аз назари теъдоди фурӯши телефонҳои дастӣ аз ширкати финландии Нокиа пеш гузаштааст ва бештарин саҳмҳоро дар бозори ҷаҳонӣ касб намудааст.
Қумандони Фронти халқӣ Маҳкамбой аз олам даргузашт 27.04.2012 16:30
Муаззини масҷиди ҷомеъи марказии шаҳри Қурғонтеппа пеш аз адои намози ҷанозаи Маҳкамбой Шарипов иброз дошт, ки ӯ 70 сол умр дидааст. Ҷанозаи Маҳкамбой Шарипов зуҳри рӯзи ҷумъа дар масҷиди ҷомеъи шаҳри Қурғонтеппа бо имоматии муфтии мусулмонони шаҳри Қурғонтеппа Эшони Саидҷон доир гардид.
Ширкати "Ҳуоксин Ғаюр Семент" аз кист ва чӣ тавоноӣ дорад? 26.04.2012 08:39
Ширкати муштараки Тоҷикистону Чин "Ҳуоксин Ғаюр Семент" барои воридоти таҷҳизоти техникӣ ба Тоҷикистон аз пардохти молиёт бар арзиши афзуда ва боҷи гумрукӣ озод шуд.
Суди ноҳияи Фирдавсӣ парвандаи «Миллат»-ро қатъ кард 25.04.2012 12:23
Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯзи 25 апрели соли 2012 таҳти раисии судя Содирова Машҳура бо таъиноти худ баррасии парвандаи гражданиро бо даъвои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон алайҳи рӯзномаи «Миллат» дар бораи рӯёнидани  зарари маънавӣ қатъ кард.
Боз шудани се сомонаи "саркаш" дар Тоҷикистон 23.04.2012 19:14
Сомонаҳои Maxala.org, Тjknews.ru ва Сentrasia.ru баъди қариб 2 моҳ дар Тоҷикистон дубора боз шудаанд, вале zvezda.ru  то ҳол дастнорас боқӣ мемонад. Бек Зуҳуров, раиси Хадамоти давлатии алоқаи Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт,  ин сомонаҳо акнун аз тариқи ҳамаи провайдерҳо боз мешаванд ва ҳеҷ гуна мушкили фаннӣ вуҷуд надорад. Дастрасӣ ба ....
СММ Душанберо шаҳри амн барои ҳамагон донист 19.04.2012 09:01
Созмони Миллали Муттаҳид шаҳри Душанбе пойтахти тоҷиконро ҳамчун макони татбиқи Иқдомоти глобалии созмони миллал дар бахши "Шаҳрҳои бехатар ва рафоқат барои ҳамагон"  оид ба Барномаи тавсеаи ҳуқуқ ва имкониятҳои занону кӯдакон дар партави рушди устувори шаҳрҳо интихоб кард.
©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97