Ахиран Раёсати додгоҳи шаҳри Душанбе ҳалномаи додгоҳи ноҳияиФирдавсӣ алайҳи ҳафтаномаи «Миллат»-ро бекор кард.
Дар моҳимарти соли гузашта даъвои Қосим Қосимов, вазири кишоварзии Тоҷикистон алайҳи нашрияи “Миллат”-ро қонеъ карда ва ин ҳафтаномаро барои пардохти 1 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима ва чопи радия вазифадор карда буд.
Ин қарори додгоҳи ноҳиявиро зинаи кассатсионии додгоҳи шаҳри Душанбе низ таъйид карда буд. Раёсати додгоҳи шаҳри Душанбе акнун ҳамҳалномаи додгоҳи Фирдавсӣ ва ҳам қарори додгоҳи кассатсиониро лағв карда ва барои баррасии такрорӣ ирсол кардааст.
Вазорати кишоварзӣ матлаби нашр намудаи ҳафтаномаи «Миллат»-ро таҳти унвони «Вазорати кишоварзӣ фасодзадатарин ниҳод» дар яке аз шумораҳои ин нашрия дар охири соли 2009 –ро тӯҳмате нисбати ин вазорат хонда ва тақозои пардохти 1 миллион сомонӣ товон карда буд.
Дар муқобил нашрияи «Миллат» ба додгоҳ даъвои мутақобила бурд ва аз вазорати кишоварзӣ 1 сомонӣ товон талаб дошт.