Раиси Шаҳритӯс: Ман гунаҳкор! 25.01.2012 15:09
Ҷумъахон Сафаров, раиси ҳукумати ноҳияи Шаҳритӯс бо баргузории як нишасти матуботӣ дар ҳузури хабарнигорон иқрор кард: «Камбудиҳое, ки дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Шаҳритӯс баён гардид, камбудиҳои соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия набуд, ин камбудии шахсии ман буд. Чӣ ҷойи пинҳон кардан, ҳамаи он камбудиҳое, ки Президент зикр карданд ....
Пайвастан ба Иттиҳоди гумрукӣ бурду бохтҳо дорад 23.01.2012 19:08
Файзали Фозилов Сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон иброз дошт, ки ба иттиҳоди гумрукӣ шомил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як ҷиҳат арзиши молу маҳсулотро барои мо арзон мекунад. Аммо аз тарафи дигар баъди шомил шудан ба Иттиҳоди мазкур як миқдор ҳаҷми маблағҳое, ки аз ....
“Ихвон-ул-муслимин” ба парлумони Миср роҳ ёфт 23.01.2012 09:30
Имрӯз нахустин иҷлоси парлумони тозаинтихоби Миср баргузор мешавад.
Муаррифии стратегияи сармоягузорӣ 20.01.2012 17:00
Котиботи Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ  стратегияи фаъолияти худро муаррифӣ кард. Ин муаррифӣ рӯзи ҷумъаи 20 январ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Раҳбари котиботи Шӯрои мазкур Завқиҷон Завқиев гуфт, стратегия аз самтҳои афзалиятнок иборат аст, ки ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ равона шудааст.
80 гектар замини Ёвон барои соҳибкорони Чин 20.01.2012 16:54
Раҷабалӣ Тағоев,  раиси ноҳияи Ёвон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки аз ноҳияи мо барои соҳибкорони чинӣ 80 гектар замин дода мешавад.
Боздошти ду узви «Ҳизб-ут-таҳрир» дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 20.01.2012 12:41
Ду нафар сокинони ноҳияи А. Ҷомӣ бо ҷурми фаъолият ва таблиғи «Ҳизб-ут-таҳрир» дар ҳудуди ноҳия боздошт шудаанд. Дар асоси маълумоти ин ду нафар инчунин аз ноҳияи Фирдавсӣ 5 нафари дигар боздошт шудаанд.
«Барқи тоҷик» аз “Сангтӯда-1” қарздор, «Талко» аз “Барқи тоҷик”?! 19.01.2012 11:10
Ниругоҳи “Сангтӯда-1”, ки бештари саҳмияҳояш ба давлати Русия мутааллиқ аст, ширкати “Барқи тоҷик”-ро ба додгоҳ кашидааст.
Фаъолияти вакилии Одинаев қатъ гардид 18.01.2012 11:10
Бо сарварии раиси палатаи поёнии МО парлумони кишвар, Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии ин ниҳоди қонунгузор баргузор шуд.
Омодакунандаи рақамҳои "тилоӣ" боздошт шуд 16.01.2012 13:12
Вақтҳои охир ҷинояткорон дар содир намудани ҷиноятҳои вазнин ба хусус ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир аз машинҳое истифода менамоянд, ки рақамҳои қайди давлатиашон қалбакӣ буда, дар ягон мақомоти дахлдор сабт шудаанд.
Душанбе ҳамла ба Додоҷони Атовуллоро маҳкум кард 14.01.2012 09:55
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳамла ба хабарнигори тоҷик Додоҷони Атовулло дар Маскавро маҳкум кард ва умедвори ҳарчӣ зудтар ошкор шудани омилони ин сӯъиқасд шуд. Сухангӯи ин вазорат Давлат Назриев ба ИТАР-ТАСС гуфтааст, дар Душанбе шеваҳои муҷозоти худсаронаро қатъиян қабул надоранд.
©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97