Акнун меҳмонони фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе имкон доранд, то дар дохили CIP- толор телефонҳои мобилии худро қувват дода, почтаи электрониашонро аз назар гузаронанд.
Бо ташаббуси ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар ин ҷо пояи муҷаҳаз бо дастгоҳҳои қувватдиҳандаи ширкатҳои Apple, HTC, Nokia, Samsung, SonyEricsson, LG сохта шудааст, ки дар чаҳор тарафи он дутоӣ қувватдиҳандаи телефонҳои ширкатҳои номбурда мавҷуд аст.
Инчунин, дар CIP–толор «МегаФон Тоҷикистон» минтақаи интернетӣ низ таъсис додааст, ки меҳмонон метавонанд бо суръати 10 Мбит/с аз Интернет истифода кунанд.
«Ин намуди хизматрасонӣ барои аксари мусофирон лозим аст, чун баъзан чунин зарурате пеш меояд, то фавран як нома фиристодан лозим мешавад ва ё фаҳмидани обу ҳаво дар мамлакатҳои парвозкунанда, ё аз назар гузарондани ҷадвали ҳаракати нақлиёт дар дигар он шаҳрҳо ва посух ба суолҳои дигаре, ки дар интернет фаровонанд, пайдо мешавад. Аз Франкфурт баргашта, ман ба тааҷуб омадам, вақте дидам, ки бо шарофати «МегаФон Тоҷикистон» ман дар фурӯдгоҳи ватан метавонам аз Интернет истифода барам», - мегӯяд Фирдавс Бобораҷабов мусофири хатсайри Франкфурт-на-Майне – Душанбе.