Таҳияи рӯйхати раъйдиҳандагон шуруъ шуд

Хабари хуб 23.08.2013 10:46

Int-ikhobotКомиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳавзаҳои интихоботӣ ба таҳияи рӯйхати аҳолии қобили раъй, оғоз карданд.

Абдуманнон Додоев, раҳбари дафтари Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон 21-уми август дар ин бора хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, то баргузории иҷлосияи муштараки Маҷлиси Намояндагон ва Маҷлиси Миллӣ дар таърихи 30-юми август рӯйхати ҳавзаҳо, қитъаҳои интихоботӣ ва феҳристи раъйдиҳандагон мушаххас мешавад.

Комиссияи марказии интихобот бо назардошти чанд интихоботи пешин шумораи аҳолии қобили раъйи кишварро 3 миллиону 900 ҳазор нафар тахмин мезанад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97