Рӯзи 19 август Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Йинглак Шинаватра, сарвазири Ҷумҳурии Тайланд мулоқот кард.
Бино ба иттилои Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон дар ҷараёни мулоқот мавзуъоти гуногунсоҳаи миёни ду кишвар мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо тақвияти ҳамкориҳои тарафайн дар арсаҳои мухталифро аз масъалаҳои муҳими ин мулоқот арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки ҳарду ҷумҳурӣ шароити мусоид ва фазои муносиб барои таҳкими муносиботи гуногунсоҳаи байниякдигариро дар кишварҳои худ ба вуҷуд овардаанд.
Шукурҷон Зуҳуров сатҳи равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тайландро қанотбахш арзёбӣ намуда, ҳамчунин иброз дошт, ки ҳарду ҷониб бояд барои тақвияти муносиботи тарафайн ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар шакли бисёрҷониба ва дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ талош намоянд. Ӯ афзуд: «Имрӯз дар ҷаҳони муосир робитаю ҳамкорӣ аз шартҳои муҳими пешрафт ба ҳисоб меравад. Яке аз сабабҳои такомули башарият, болоравии сатҳи зиндагонии мардум ва мавриди эҳтироми ҳамдигар қарор ёфтани арзишҳои умумибашарӣ маҳз бо шарофати ҳамоиши миллатҳо ва ҳамкории давлатҳо дар бештари соҳаҳои зиндагӣ ба даст омадааст».
Шукурҷон Зуҳуров ҳамкориҳои сиёсии Тоҷикистону Тайландро омили аслии рушди дигар соҳаҳо унвон карда, изҳор дошт, ки сафарҳои мақомоти олирутбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Тайланд ва дар ин замина боздиди ҳайатҳои расмии Тайланд аз Тоҷикистон яке аз омилҳои асосии густариши муносиботи дуҷонибаи Душанбе ва Бангкок ба шумор меравад.
Раиси Маҷлиси намояндагон бо таваҷҷуҳ ба тақвияти ҳамкориҳои байнипорлумонӣ миёни Тоҷикистону Тайланд таъкид намуд, ки инкишофи ҳамкориҳои дуҷонибаи робитаҳои байнипорлумонӣ миёни ҳарду кишвар низ аз боздиди ҳайатҳои расмӣ ба кишварҳои якдигар сарчашма мегиранд. Дар ин замина таъсис додани гуруҳҳои дӯстии порлумони ҳарду кишвар танҳо ба манфиати кор мебуд, - гуфт дар анҷоми мулоқот Шукурҷон Зуҳуров.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор сурат гирифт.