Сафари Фармондеҳи ситоди марказии артиши ИМА ба Тоҷикистон

Хабари хуб 09.08.2013 16:53

OstinaХабаргузории "Авесто" навишт, ки фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико генерал Лойд Ҷей Остини сеюм рӯзи 29 июл бо як сафари шиносоӣ вориди Душанбе шудааст. Як манбаъи хабаргузорӣ дар ҳукумат гуфтааст, ки қарор аст, генерали амрикоиро раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур бипазирад. Ба гуфтаи ин манбаъ, шояд дар ин дидор вазъи Афғонистон баррасӣ шавад. Дар вазорати дифоъ гуфтаанд, ки Ллойд Остин бо вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев низ мулоқот мекунад.

Ллойд Остин нахустин амрикоии африқоитабор аст, ки моҳи марти соли равон ба симати фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико таъйин шуд. Генерал Остин рӯзи якшанбе дар Кобул бо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай мулоқот дошт.

Ба ростӣ, ба ин ки ин ҷаноб чандумин амрикоии африқоитабори амрикоист,ки ба симати фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико таъин шудаааст, мо коре надорем. Танҳо инро мехоҳем таъкид кунем, ки Тоҷикистон кишвари меҳмондӯст аст ва набояд меҳмонон аз ин хислати мизбон сӯистифода намуда манофеъи миллии онро нодида бигиранд. Зеро бори аввал нест, ки вақте як "сигнал"-и ҳамкорӣ аз Кремл ба Душанбе дода мешавад ва ё пеш аз он ки ягон намояндаи баландпояи Маскав вориди Душанбе шавад, ё мақомоти Тоҷикистон нияти сафари Маскавро пеш гузоранд, янкиҳо роҳ сӯи Душанберо пеш мегиранд. Қабл аз сафари ахири В. Путин ба Душанбе низ намояндаи вижаи Қасри сафед дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷаноби Роберт Блейк ба Душанбе омада буд. Ва шояд ҳамин сабаб шуд, ки муносиботи Русия бо Тоҷикистон ба сардӣ гароид ва ҷабри ин ҳамаро муҳоҷири бечораву овораи тоҷик ба қавле, дар пӯсти худ таҷриба кард. Ин бор низ накунад, ки наҳсии қадами меҳмони африқоитабори Амрико боиси боз ҳам ранҷ кашидани муҳоҷири тоҷик, танҳо ноновари хонадони тоҷик бигардад.

Худо аз қадами номуборак паноҳ диҳад!

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97