Дар пешорӯи Иди Рамазон раиси шаҳри Хуҷанд бо вазъи зиндагии собиқадорон ва афроди барӯманди шаҳр аз наздик ошно гардид.
Тавре аз шуъбаи таҳлил ва иттилооти ҳукумати шаҳри Хуҷанд хабар додаанд, раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ба аёдати омӯзгори собиқадор Ҳақиқатхон Насруллоеваи 88-сола, рассом ва дӯзандаи моҳир, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, Зулфия Баҳриддиноваи 92-сола, Қаҳрамонмодар, нахустин тракторчизани вилоят, соҳиби 110 набера ва абера Рафоат Насимоваи 90-сола, омӯзгор, собиқадори меҳнат Аълочии маорифи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Мақсудахон қосимоваи 80-сола рафтааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд онҳоро аз номи президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Суғд қоҳир Расулзода табрик гуфта, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ ва маҳсулоти ғизоӣ супурд.
Дар ҳамин ҳол, аз 3 то 9-уми август ба муносибати Иди Рамазон беш аз 1 ҳазор оилаи ниёзманд, маъюбону ятимон, пиронсолони яккаву танҳо ва собиқадорони ҷангу меҳнат аз кумаки яквақтаи раиси вилояти Суғд, ки аз маҳсулоти ғизоӣ иборат аст, баҳраманд хоҳанд шуд.
Зиҳӣ, раиси шаҳри бостонии Хуҷанд Раҷаббой Каримов! Чи амали некӯе кардаед. Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд низ дар кори хайр истиҳола накарда, ба ҳазор оилаи ниёзманд, маъюбону ятимон пиронсолони яккаву танҳо ва собиқадорони ҷангу меҳнат, кумаки худро дареғ надоштанд. Чи мешуд, ки дигар раисону амалдорон ва тоҷирону сарватмандон аз ин иқдоми хайрхоҳонаи ин ду раиси хайрхоҳ пайравӣ намуда зуд -зуд ба аёдат ва кумаки чунин ҳамватанони муҳтоҷ мешитофтанд?!