Вазорати корҳои дохилииТоҷикистон дар сайти расмии худ барои алоқамандони таҳсили интизомӣ дар Туркия озмун эълом кардааст.
Дар ин сайт омадааст, ки афроди баранда дар ин озмун тибқи қарордоди миёни Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Туркия дар Фарҳангистони Пулиси Туркия таҳсил хоҳанд кард.
Танҳо шароити ширкат дар ин озмун донистани ҳатмии забони туркӣ ва вазъи хуби саломатӣ унвон шудааст. Ҳамчунин довталабон бояд санади таъйидкунанда дар бораи он пешниҳод кунанд, ки аъзои ҳеч ҳизбе набуда ва дар додгоҳ муҳокима нашудаанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълом кардааст, ки алоқамандони ширкат дар ин озмун бояд асноди худро ба сафорати Туркия дар Душанбе супоранд.
Одатан дар тамоми давру замон ба хотири амният ва бехатарии худ кишварҳои ҳушманду зирак барои таҳсил кормандони ояндаи мақомоти қудратии худро бо кишварҳои иттифоқчӣ ва дӯст мефиристанд. Дар ин росто чи муносибати наздике мо бо Туркия дорем, ки якбора чунин тасмим гирифтаем, ё роҳҳоро ба сӯи кишварҳои дигар иттифоқчиёнамон гум кардаем?
Оё фоҷиаи давлати Сомониён ва Самарқанду Бухоро дар аввали қарни ХХ барои мо дарси ибрат нестанд, ки боз ҳам такия бар ин "дӯстон" мекунем?!