"Ҳисор-3000 сол" Заргарони тоҷик ба Китоби рекордҳои Гиннес довталабӣ доранд

Хабари хуб 03.08.2013 10:14

HisorЗаргарони тоҷик ният доранд, ки соати кабинетии "Ҳисор-3000"-ро, ки ба муносибати таҷлили ҷашни 3000-солагии ноҳияи Ҳисор сохта мешавад, барои номнавис шудан дар Китоби рекордҳои Гиннес пешниҳод кунанд.Тавре ки ба ОИ "Азия-Плюс" заргар-кандакор Михаил Галанов хабар додааст, соати мазкур ҳамчун ягона маснуъоти заргарӣ дар саросари ҷаҳон аз нуқраи озмоиши дараҷаи 900 ва сайқалдодашуда бо 3 ҳазор лаъли кабуд бо вазни умумии 3 ҳазор унсияи сегона (тақрибан 93 килову 300 грамм) метавонад ба Китоби рекордҳои Гинес дохил гардад.

Ба қавли ӯ, айни замон маснуъоти тайёри заргарӣ бо 2,5 ҳазор сангҳои қиматбаҳо рекордӣ шуморида мешавад. "Зимни бунёди пояи соат гудохтаи нафис аз тилои озмоиши дараҷаи 900 бо вазни умумии 3 ҳазор грамм истифода хоҳад шуд", - иброз дошт ӯ.

Номбурда ҳамчунин гуфт, баландии соат 1, 6 метр ва бараш 1, 2 метрро ташкил дода, маблағи лоиҳа 600 ҳазор доллари ИМА арзёбӣ мешавад. Фармоишгар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор аст.

Қобили зикр аст, ки соли 2015 3000-солагии ноҳияи Ҳисор ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат таҳия ва тасдиқи логотипи рекорди заргарӣ, нишони шаҳри Ҳисор, медали ҷашнии "Ҳисор-3000" ва ҳамчунин медалҳои "Сокини фахрии Ҳисор", "Меҳмони фахрии Ҳисор", медалҳои хотиравии "Ҳисор-3000", нишонаи "Ҳисор-3000" ва дигар маснуъоти ҷашнӣ дар назар аст.

Вақти мутоилаи ин хабар моро  лаҳзае чанд як ҳолати хубу гуворои рӯҳӣ фаро мегирад. Гӯё мо дар Тоҷикистон нею дар кадом давлати рушдкардаи дунё мисли Норвегия, Шветсария, Англия ва ё Ҷопон зиндагӣ дорем. Ҳама ба ҷои кор таъминем. Маоши хуб мегирем. Дар хазинаи кишвар пулҳои бисёре аз ҳисоби андозсупурдагон ҷамъоварӣ шудааст. Намедонем онҳоро дар кучо харҷ кунем. Баъд ба нохост дар фикрамон китоби рекордҳои Гиннес меояд. Мо аз англисҳо аз чӣ камем гуфта, фикри номнавис шудан дар ин китобро мекунем ва ба хотири гузоштани рекорд, аз баҳри ҳамагуна маблағҳои рекордӣ мебароем.

Баъди хондани ин хабар, мо ба Ҳоҷимуҳамад Умаров коршиноси масоили иқтисодӣ бо чунин суол муроҷиат намудем. Дар ҳолати дар ихтиёри худ доштани 600 ҳазор доллар чӣ гуна корҳои истеҳсолиро метавон анҷом дод?

Эшон фармуданд, ки  бо ин малағ дар сурати мавҷуд будани бино барои  300 кас аз дӯзандагон метавон ҷои муносиби корӣ омода кард. Агар ин маблағ барои корҳои бофандагӣ харҷ карда шавад, 30 нафар метавонанд соҳиби ҷои кори доимӣ шаванд. Ин миқдор пул дар кори сохту сози пойгоҳҳои хурди  барқӣ истифода шавад, метавон 10 истгоҳи барқии 50-60 киловата сохт, ки ҳар кадоми онҳо метавонад 40-50 хонаро бо барқ таъмин кунад. Имрӯз меваҳои зиёде дар кишвар рӯёнида мешаванд, аммо бо сабаби коркард нашудан, қисми зиёди онҳо нобуд мегарданд. Агар бо ин маблағ як хати коркарди меваҷот сохта мешуд, 100 нафар  соҳиби ҷои кор мегардид. 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97