Мақомоти Суғд мегӯянд, дар фикри Иди картошка ҳастанд

Хабари хуб 10.08.2013 11:18

kartoshkaЯке аз муовинони раиси вилояти Суғд, ки рӯзи 29-уми июл дар нишасти хабарии раёсати кишоварзӣ суҳбат мекард, гуфт, онҳо дар фикри ташкили Иди картошка мешаванд. Ба қавли Аҳмадҷон Қобилов, чунин пешниҳод ба онҳо ироа шудааст ва онро баррасӣ намудаву сипас хулосаи худро хоҳанд гуфт.

"Бо супориши ҳукумат охири моҳи оянда иди харбуза, асал ва кадуро мегузаронем, лекин иди картошкаро ягон бор нагузаронидаем. Як маслиҳат мекунем, кори мешудагӣ аст",-афзуд ӯ.

Қобилов афзуд, кишоварзони маҳаллӣ вилояти Суғдро бапуррагӣ бо картошка таъмин мекунанд. Ва, инчунин, ӯ вақти ҷашнгирии иди картошкаро низ тахминан баён кард: "Ташкил кардан мумкин аст. Дар пеш Ҷашни сада аст. Дар ҳамон вақт картошка қариб, ки мепазад. Омӯхта бароем, шароит шавад, мегузаронем."

Бар пояи маълумоти расмии ҳукумати Суғд, дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар ин вилоят 8 ҳазору 311 тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 196,9 фоиз бештар будааст.

Ҷанобони муҳтарам! Магар ба ғайр аз ташкил кардани иди харбуза, каду ва ғайра дигар коре надоред?

Хуб мешуд, ки ба ҷои иди картошка роҳи картошкапарварони ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ ва Айниро дуруст мекардед, то ки мардум ҳосили ҷамъоврӣ намудаи худро бидуни мушкил  ҳар чи зудтар ба бозорҳои кишвар мерасониданд. То ниёз ба овардани картошкаи Покистон намемонд. Ё шумо иди картошкаи покистониро ҷашн гирифтан мехоҳед?! 

Барои шарманда накардани худ ва миллат хуб аст, ки як бор ба сарчашмаҳои қадимӣ рӯ биоваред, аждодони мо иди Меҳргон доштанд, ки хоҷат ба кашфи иди кадуву картошка нест. Шарҳи бештар намедиҳем, зеро Академияи кишоварзӣ ҳам дорем, шояд вазифаи онҳо аст, ки дар ин маврид тавсияҳо бидиҳанд. Дар акси ҳол мушкил доштан аз донишмандони муҳтарами фарҳангшинос даъват мекунем, ки миллатро аз ин идҳои кучаку хандахариш наҷот бидиҳанд!

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97